Пайвандҳои дастрасӣ

Нархи ҳармоҳаи таҳсил дар литсейи президентӣ дар шаҳри Чкаловск аз 80 сомонии соли гузашта то 300 сомонӣ боло рафтааст.

Волидони хонандагони литсейи президентии шаҳри Чкаловски вилояти Суғд аз боло рафтани якбораи нархи тахсил шикоят карданд. Нархи ҳармоҳаи таҳсил дар ин литсей аз 80 сомонии соли гузашта то 300 сомонӣ боло рафтааст.

Сафар Ҳомидов, яке аз волидон ба Радиои Озодӣ гуфт, "аз аввали таъсисёбии ин литсей нархи таҳсил 26 сомонӣ буд. Соли гузашта гӯиё мо падару модарон як ассосиатсия таъсис додему барои таълими дарсҳои иловагӣ ба фарзандонамон пули иловагӣ медодем, ки нархи таълим ба 80 сомонӣ расид. Аммо ин сол нархи таълим ба 300 сомонӣ баробар шуд."

Ҷаноби Ҳомидов талаби маъмурияти ин литсей барои якбора пардохт кардани пули таҳсили яксолаи фарзандаш изҳори нигаронӣ кард. Ӯ мегӯяд, аксари волидон қудрати якбора пардохт кардани пули яксолаи таълимро, ки ба 3 ҳазор сомонӣ мерасад надоранд. Ин ҳамсӯҳбати мо ҳамчунин иброз дошт, маъмурияти ин литсей мехоҳад имтиёзи молӣ барои хонандагони аълохонро низ аз байн бубарад: "Пештар барои хонандагоне, ки бо баҳои аъло мехонданд, барои пардохти ҳаққи таҳсил 60 дарсад имтиёз дода мешуд. Аммо ҳоло маъмурияти ин литсей ният дорад, ин имтиёзро ҳам аз байн бубуранд дар солҳои оянда. Ҳоло бошад, ҳамин хел шарт гузоштаанд, касе, ки ҳатто як баҳои 4 дошта бошад ҳам бояд 300 сомонӣ, яъне ҳаққи пурраи таълимро супурад."

Ҳомидов ҳамчунин афзуд, дар чунин ҳолат муаллимон манфиатдоранд, то ба ҳар роҳ баҳои хонандагони аълохонро паст кунанд, то он ки аз ҳама ҳаққи пурраи таълимро бирӯёнанд. Яке аз масъулони ин литсей, ки аз бурдани ном ва сабти садояш худдорӣ кард, гуфт, ин литсей аз беҳтарин мактабҳои вилояти Суғд ва талабгоронаш зиёд аст. Бинобар ин, нархи таълимаш дар мувофиқа бо ниҳодҳои Хадамоти зиддиинҳисорӣ боло бурда шудааст.

Абдусамад Муллоев, роҳбари бахши мактабҳои миёнаи вазорати маорифи Тоҷикистон, низ мегӯяд, бинобар афзун шудани талабот ба ин литсей, ки қаблан таҳсилаш ройгон буд, дар он таҳсили шартномавӣ ҷорӣ карда шуд: "Масалан, нархи таҳсил дар литсейҳои туркӣ моҳона 150 доллар аст. Шароити таълим дар ин литсей аз мактабҳои туркӣ кам нест. Пас, чаро нархи таълим боло бурда нашавад? Дар Тоҷикистон бинобар сатҳи пасти иҷтимоӣ чунин нархи таҳсил муайян шудааст. Дар дунё нархи таҳсил дар чунин мактабҳо хеле баланд аст."

Аммо ҷомеашиносон мегӯянд, рӯз ба рӯз гарон шудани нархи таҳсил дар мактабҳои Тоҷикистон шикофи маънавию фарҳангиро миёни қишри доро ва нодор боз ҳам афзун карда, баробарии иҷтимоиро ба ҳам мезанад. Ин дар ҳолест, ки тибқи Қонуни асосӣ, Тоҷикистон кишвари иҷтимоӣ унвон шуда, таҳсили бепул дар мактаби миёнаро ба ҳамаи шаҳрвандон кафолат додааст.

Ҳоло дар Тоҷикистон 165 литсей ва гимназия фаъоланд, ки наздик ба 75 ҳазор хонандаро ба таълим фаро мегиранд. Аз ин теъдод, 33 муассисаи таълимӣ хусусӣ буда, аз ҳисоби пули шартнома кор мекунанд, боқимондаро давлат таъмин мекунад. Нархи таҳсил дар мактабҳои типи нав аз 400 то севуним ҳазор доллар дар як солро ташкил медиҳад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG