Пайвандҳои дастрасӣ

Озодии баён дар Интернет маҳдудтар шудааст


Созмони Хонаи Озодӣ бо нашри гузориши тозае гуфтааст, ки ҳукуматҳо дар саросари ҷаҳон озодии баён дар Интернетро ҳарчӣ бештар маҳдуд карда ва барои ин аз абзору усулҳои пешрафта истифода мебаранд. Дар гузориши “Озодӣ дар Интернет”, ки соли 2011 ва нимаи соли 2012 дар бар мегирад, гуфта шудааст, ки дар ин муддат ҷомеаи шаҳрвандӣ низ алайҳи маҳдудият дар озодии баён бештар муқовимат кардаанд. Айни замон қонунҳои маҳдудкунандаи озодии баён дар Интернет ва ҳамлаҳо ба афроде, ки ҳукуматро дар ин шабака танқид мекунанд, бештар шудааст. Аз назари озодии баён дар Интернет, Хонаи Озодӣ ба Эрону Куба ва Чин баҳои ба додааст. Ӯзбакистону Белорус низ аз ин назар кишварҳрои ғайриозод хонда шудаанд. Баҳои баландтарин аз назари озодии баён дар Интернетро Эстония гирифтааст.
XS
SM
MD
LG