Пайвандҳои дастрасӣ

Талаф шудани гӯсфандони кишоварзони ӯзбаку қирғиз


Мақомоти Ӯзбакистон ба таҳқиқи қазияи марги ҳазорон гӯсфанд пардохтаанд, ки ба гуфтаи мақомот, баъди гирифтани ваксинаи олуда бар зидди бемории нағзак ва ё гулафшон ҳалок шудаанд. Кишоварзону мақомоти Ӯзбакистон мегӯянд, дар вилоятҳои Самарқанд, Қашқадарё ва Ҷиззах ҳазорон гӯсфанд талаф ёфтааст. Айни ҳодиса дар вилояти Ҷалолободи Қирғизистон мушоҳида шудааст, ки дар онҷо 1700 гӯсфанд баъди гирифтани ваксинаи шабеҳ мурдаанд. Таҳқиқи муқаддамотӣ нишон додааст, ки ваксинаҳои олуда бар зидди бемории гулафшонро як байтори маҳаллӣ аз Ӯзбакистон ба Қирғизистон овардааст.
XS
SM
MD
LG