Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафорати Эрон мушкили довталабони тоҷикро шарҳ дод


Даромадгоҳи вазорати маориф
Даромадгоҳи вазорати маориф

Сафорати Эрон мегӯяд, довталабони тоҷик ба иллати надоштани шиносномаи хориҷӣ натавонистаанд ба ин кишвар раванд.

Сафари донишҷӯёни тоҷик, ки қарор буд дар ҳафтаи гузашта барои таҳсил ба Эрон раванд, ба таъхир афтодааст. Маҳмудхон Шоев, сухангӯи вазорати маорифи Тоҷикистон, рӯзи 24-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, то дарёфти посухи расмии вазорати омӯзиш ва парвариши ҷумҳурии Эрон донишҷӯёни тоҷикро иҷозаи сафар ба ин кишвар нахоҳанд дод.

Ӯ афзуд, "тасдиқномаи расмӣ ба он хотир зарур аст, ки мо дар гузашта як таҷрибаи талхе доштем. Довталабони мо ҳамчунин имтиҳонро барои шомил шудан дар донишгоҳҳои Эрон супурданд, вале раванди ба донишгоҳ қабул шуданашон тӯл кашид. Онҳо қариб ду сол саргардон шуданд. Бинобар ин, барои пешгирӣ кардани чунин ҳолат мо аз вазорати омӯзиш ва парвариши Эрон тасдиқномаи расмии шомил шудани ин донишҷӯён ба он ихтисосҳое, ки мо мехоҳем, талаб кардем."

Сухангӯи вазорати маориф илова кард, ки ин талаби вазорат ба ҷилавгирӣ аз таҳсили ҷавонон дар макотиби ғайрирасмии динии тундрав дар кишварҳои исломӣ рабте надорад.
Аммо Ҳусайн Шерхонӣ, масъули бахши фарҳангии сафорати Эрон дар Душанбе, иллати таъхири сафари донишҷӯёни тоҷик ба ин кишварро ба мушкили шиносномаи хориҷии онҳо рабт дод: “Як қисми онҳо шиносномаи хориҷӣ надоранд. То ҳол қариб 50 нафарашон чунин паспортҳоро дарёфт карда, нусхаашонро ба мо доданд. Мо дар кӯтоҳтарин фурсат ба онҳо раводид (виза) медиҳем ва онҳо мераванд ва таҳсилашонро дар Эрон идома медиҳанд.”

Ин ҳамсӯҳбати мо афзуд, ҳар замоне ки бақияи довталабони тоҷик шиносномаи хориҷиашонро гирифтанд, сафорати Эрон ба онҳо раводид хоҳад дод, то онҳо тавонанд таҳсилашонро идома диҳанд. Ба қавли ӯ, он ҷавонони тоҷике, ки хатти форисро балад нестанд, пеш аз шомил шудан ба донишгоҳ давраҳои омӯзишии семоҳаро дар Эрон паси сар хоҳанд кард.

Дар ҳамин ҳол, ӯ хабари расонаҳо мабнӣ ба пеш омадани сӯитафоҳум бо вазорати маорифи Тоҷикистон дар мавриди сафари ҷавонони тоҷикро рад кард: “Мо бо як ёддошти расмӣ ба вазорати маорифи Тоҷикистон эълон кардем, ки 94 ҷавони Тоҷикистонро ба донишгоҳҳои Эрон пазируфтем. Вазорат аз ин огоҳ ҳаст ва ба сафари донишҷӯёни тоҷик мухолиф нест ва дар мавқеи худаш истодааст. Мушкил танҳо паспорти хориҷии ин донишҷӯён аст.”

Эрон соли ҷорӣ барои донишҷӯёни тоҷик 250 саҳмия ҷудо намудааст, аммо танҳо 94 нафар ҷавонони тоҷик пас супурдани имтиҳон дар назди устодони эронӣ аз санҷиш гузашта, ҳаққи таҳсил дар Эронро дарёфт карданд. Ин дар ҳолест, ки рӯзи 22-уми сентябр таҳсил дар донишгоҳҳои Эрон шурӯъ шудааст, аммо ин ҷавонон ҳанӯз виза ва санадҳои лозимиро дарёфт накардаанд.

Дар чанд соли ахир мавзӯи таҳсили ҷавонони тоҷик дар донишгоҳҳои Эрон баҳсу сӯитафоҳумҳоеро ба вуҷуд овардааст.
Дар пайи даъвати президент Эмомалӣ Раҳмон аз мардум ҷиҳати баргардондани фарзандҳояшон аз таҳсил дар мактабҳои динии хориҷӣ тирамоҳи соли 2010-ум беш аз 200 донишҷӯи тоҷик, ки ба гуфтаи масъулони давлати Тоҷикистон “ба таври ғайриқонунӣ” дар донишгоҳҳои Машҳаду Зоҳидони Эрон таҳсил мекарданд, ба Тоҷикистон бозгардонда шуданд.
XS
SM
MD
LG