Пайвандҳои дастрасӣ

Дар сурати бунёди нерӯгоҳи Роғун, ба бахши кишоварзии Узбакистон солона 600 миллион доллар зиён ворид мешудааст.

Ин хулосаи як пажӯҳишест, ки Шоҳрух Мирзоҷалилов аз донишгоҳи New Mexico State University, Том М.ДеСуттер ва Ҷай Лейтч аз Донишгоҳи North Dakota State University дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико анҷом додаанд.

Бар асоси ин пажӯҳиш, дар сурати бунёди нерӯгоҳи Роғун кишварҳои поёноб, аз ҷумла Узбакистон, ба мушкили камбуди об рӯбарӯ шуда, Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилии ин кишвар то ду дарсад коҳиш хоҳад ёфт. "Ҳамчунин беш 300 ҳазор нафар ҷои кори худро аз даст медиҳанд",-гуфта шудааст дар пажӯҳиш.

Тибқи ин таҳқиқот, барои пур кандани обанбори Роғун 12 солу чаҳор моҳ вақт лозим будааст, ки дар ин муддат обанборҳои дигар ба камбуди об дучор хоҳанд шуд. Ба андешаи муаллифон, дар ҳолати ба истифода додани нерӯгоҳи Роғун, дар фасли тобистон рехтани об ба Узбакистон то 18 дарсад коҳиш ёфта, аммо дар фасли зимистон то 54 дарсад афзоиш меёбад.

Ин ба он маънист, ки бахши кишоварзии Узбакистон аз моҳи май то моҳи сентябр дучори камбуди об шуда, аммо дар вақти тирамоҳу зимистону баҳор дар пайи сарозер шудани оби бисёр дучори обхезиҳо мешавад.
"Ин ҳолат ба он оварда мерасонад, ки 506 ҳазор гектар замин (11 дарсад заминҳои корам) корношоям ва 336 ҳазор бекор хоҳанд монд",-омадааст дар гузориш.

Нерӯгоҳи барқии обии Роғун, ки Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон онро масъалаи “ҳаёту мамоти” кишвар хондааст, дар сурати бунёд бо иқтидори 3600 мегават бузургтарин нерӯгоҳ дар Осиёи Марказӣ хоҳад шуд ва Тоҷикистонро аз як кишвари мӯҳтоҷи нерӯи барқ ба содиркунандаи он табдил хоҳад дод. Аммо аз замони шурӯъи корҳои сохтмонӣ дар ин нерӯгоҳ дар чанд соли пеш, кишварҳои поёноби Осиёи Марказӣ бахусус Узбакистон сарсахтона ба бунёди он муқовимат кардаанд.

Ин кишварҳо мегӯянд, дар сурати бунёди Роғун, ки маҷрои об аз рӯдхонаҳои Тоҷикистон, ки то ба Узбакистону Қазоқистону Туркманистон мерасанд, камтар шуда ва боиси камобӣ дар он кишварҳо хоҳад шуд. Давлати Тоҷикистон мегӯяд, ин иддаъоҳо асосе надоранд, зеро об дар садди Роғун ба тадриҷ ва дар муддати бештар аз як даҳсола ҷамъ карда мешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG