Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мухолифони Беларус ба парлумони нав роҳ наёфтанд


Александр Лукашенко, раисиҷумҳури Беларус
Александр Лукашенко, раисиҷумҳури Беларус

Нафаре аз номзадҳои аҳзоби мухолифи Беларус ба парлумони нав роҳ наёфтанд. Интихобот рӯзи якшанбе доир шуд.

Дар ин бора раиси Комиссияи марказии интихоботии Беларус, Лидия Ермошина, шаби гузашта (23-юми сентябр), зимни эълони натиҷаҳои пешакии раъйдиҳӣ дар интихоботи парлумонӣ, хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, рӯзи якшанбе каме бештар аз 74 дарсади афроди соҳиби ҳаққи раъй пушти қуттиҳои овоздиҳӣ омаданд.

Хонум Еромшина афзуд, дар даври аввал аз 110 вакил 109 нафар интихоб шуданд. Интихоботи такрорӣ фақат дар як қитъаи интихоботии вилояти Гомел баргузор хоҳад шуд.

Як ҳафта пеш аз ин маъракаи сиёсӣ ду ҳизби асосии мухолифин – Ҳизби муттаҳидаи шаҳрвандӣ ва Ҷабҳаи мардумии Белорусия 65 тан аз номзадҳои худро аз феҳристи довталабони курсиҳои парлумонӣ берун карданд. Ин ҳизбҳо иддао намуданд, ки маъракаи интихоботӣ ғайридемократӣ мегузарад ва мақомот то имрӯз яке аз талабҳои асосии онҳо - раҳоии маҳбусони сиёсиро иҷро накардаанд.

Нозирон ҷараёни интихоботро мушоҳида менамоянд
Нозирон ҷараёни интихоботро мушоҳида менамоянд
Дар арафаи раъйдиҳӣ корманди бахши белорусии Радиои Озодӣ Юрий Дракоҳруст дар сӯҳбат бо мо дар парлумони нав соҳиби курсӣ шудани номзадҳои мухолифинро зери суол бурда, ҳадс зада буд, ки дар ин маърака низ фақат ҷонибдорони ҳукумати феълӣ пирӯз мешаванд. Ба гуфтаи ӯ, “мухолифини беларус дар ин маъракаи интихоботӣ аз се роҳу равиш дар робита ба ширкаташон истифода бурданд. Гурӯҳи аввал эълом дошт, ки пешниҳод ва сабти ном мешавад ва муборизаро барои мандатҳои депутатӣ то охир идома медиҳад. Онҳо ба ин муваффақ мешаванд ё не – посухи ин савол содда аст – дар интихоботҳои ахири парлумонӣ фақат ҷонибдорони раисиҷумҳур Лукашенко пирӯз шудаанд”.

Юрий Дракоҳруст мегӯяд, "бахши дигари мухолифин аз ибтидо эълом дошт, ки интихоботро таҳрим хоҳад кард, яъне, “мо дар интихобот ширкат намекунем, зеро он одилона ва демократӣ нест”. Гурӯҳи сеюм тасмим гирифт, ки ин ду тактикаро махлут кунад – онҳо номзадҳои худро пешбарӣ карданд, номзадҳо сабти ном шуданд, аз ҳама имконоти маъракаи интихоботӣ истифода бурданд, яъне, аз тариқи телевизиону радио суханронӣ ва дар рӯзномаҳои ҳукуматӣ барномаҳои худро нашр карданд ва аммо дар ниҳояти кор бо таҳримгарон ҳамроҳ шуданд.”

Дар зимн, меафзояд мусоҳиби мо, ин амали онҳо ба ҳукуматдорон нафорид, аз ин рӯ онҳо ҳама даъватҳо ба таҳримро аз суханрониҳояшон дар телевизиону радио берун карданд.

Рӯзи якшанбе, 23-юми сентябри соли ҷорӣ, намояндагони панҷ ҳизбу ҷунбишҳои мухолифи ҳукумат дар як нишасти хабарӣ дар Минск эълом доштанд, ки интихоботи парлумониро наметавон шаффофу демократӣ номид. Владимир Некляев, раҳбари ҷунбиши “Рост бигӯ!”, ва рақиби Александр Лукашенко дар интихоботи ахири раёсатҷумҳурӣ, изҳор намуд, ки далелҳои фаровони қонуншиканиҳо дар интихобот ошкор шудаанд ва санадҳо дар ин бора ба
нозирони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо супурда мешаванд. Раҳбарони мухолифин ёдовар шуданд, ки ба комиссиюнҳои интихоботӣ мунаққидони ҳукумат шомил набуданд, суханрониҳои пешазинтихоботии номзадҳои мухолиф сенсур мешуданд ва мақомот дар роҳи баргузории таблиғоти онҳо монеа эҷод мекарданд.

Александр Лукашенко, раисиҷумҳури Белорус, баъд аз райъдиҳӣ дар яке аз қатъаҳои интихоботии шаҳри Минск, мухолифинро тарсу номид. Ӯ ҳамчунин гуфт, “дар кишварҳое, ки интихобот оромона мегузарад ин хушбахтист. Ба мо инқилобу таркишу занозаниву коршиканиҳо лозим нестанд”.

Мухолифини ҳукумати Лукашенко иттилои расмӣ дар бораи ширкати мардум дар интихоботро зери шубҳа бурданд. Ба гуфтаи онҳо, дар қитъаҳои интихоботии пойтахт ширкати мардум ҳадди аққал ду баробар бештар нишон дода шудааст. Мухолифин иддао доранд, ки дар овоздиҳӣ каме бештар аз 30 дарсади афроди соҳиби ҳаққи раъй ширкат доштанду халос. Гуфта мешавад, баъд аз нашри хабар дар бораи он ки иттилои расмӣ дар бораи ширкати раъйдиҳандагон дар овоздиҳӣ воқеъӣ нест, дастрасӣ ба бархе аз сомонаҳои интернетии мухолифини ҳукумати Белорус номумкин шуд.
XS
SM
MD
LG