Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати генерали ироқӣ дар ҳамлае дар Бағдод


Бар асари ҳамлаҳои террористӣ дар Бағдод, пойтахти Ироқ, дасти кам 5 нафар кушта шуданд. Дар минтақаи Садр-Сити маводи тарканда дар автобус мунфаҷир шуд ва дар натиҷа се нафар ба ҳалокат расида, шаш тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Чанд соат баъд дар як тирандозӣ аз сӯи афроди ношинос генерали полис Нафӣ Абдулраззоқ ва ёвари ӯ ҷон бохтанд. Масъулияти ҳамларо ҳанӯз касе бар дӯш нагирифтааст.

Ба иттилои хабаргузории Франс-Пресс, моҳи равон бар асари ҳамлаҳои хушунатбор дар Ироқ беш аз 170 нафар кушта ва тақрибан 670 кас маҷрӯҳ шудаанд.
XS
SM
MD
LG