Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мухолифин хостори истеъфои "осоишта"-и Асад шуданд


Даргириҳо дар Сурия идома доранд
Даргириҳо дар Сурия идома доранд
Ширкаткунандагони конфаронси бархе гурӯҳҳои мухолифи ҳукумати Сурия хостори аз роҳи осоишта анҷом ёфтани қудрати раисиҷумҳур Башор Асад шуданд. Ин нишастро дар Димишқ Кумитаи миллии ҳамоҳангӣ барои ислоҳоти демократӣ доир намуд, ки 16 гурӯҳи мухолифи ҳукуматро муттаҳид кардааст ва мухолифи дахолати хориҷӣ ба умури Сурия мебошад.

Дар гирду атрофи меҳмонсарое, ки конфаронс мегузашт, чораҳои шадиди амниятӣ андешида шуданд, бо вуҷуди ин дар наздикиҳои бино таркише рӯй дод, ки бар асари он ду нафар ҷароҳати сабук бардоштанд.

Коршиносон мегӯянд, ки мақомоти Сурия дар баргузории конфаронс монеа эҷод накарданд, то ба ин васила омодагии худ барои ислоҳот ва гуфтугӯ бо мухолифинро намоиш диҳанд. Ва ин ҳам дар ҳоле, ки таъқибу саркӯбсозии мухолифин дар Сурия идома дорад.
XS
SM
MD
LG