Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Маскав Павел Грачев вафот кард


Russia -- Defense Minister Pavel Grachev addresses troops in Mozdok, 12Jan1995

Russia -- Defense Minister Pavel Grachev addresses troops in Mozdok, 12Jan1995

Имрӯз дар Маскав собиқ вазири мудофиаи Русия Павел Грачев вафот кард. Ин хабарро раиси дастгоҳи Иттиҳодияи фармондеҳони собиқи Русия Николай Дерябин ба хабарнигорон расондааст. Грачеd дар соли 1948 дар вилояти Тулаи Русия ба дунё омада, аз соли 1965 хидмат дар артиши шӯравиро шурӯъ кардааст. Грачев аз соли 1981 то 1988 дар Афғонистон ифои вазифа кардааст. Соли 1992 Грачев вазири мудофиаи Русия таъйин шуда, то соли 1996 ин мақомро ишғол кардааст. Дар солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон Грачев чанд дафъа ба Тоҷикистон омада буд.
XS
SM
MD
LG