Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари мақоми амниятии Чин ба Афғонистон


Жоу Ёнгканг-раиси умури амниятӣ ва адлияи ҳукумати Чин (якум аз чап)
Жоу Ёнгканг-раиси умури амниятӣ ва адлияи ҳукумати Чин (якум аз чап)
Хабаргузории Синҳуа аз Чин гузориш медиҳад, ки рӯзи шанбе раиси хадамоти амниятии ин кишвар Жоу Ёнгканг чор чоатро дар Афғонистон сипарӣ кард. Ин аввалин сафари мақоми баландпояи Чин ба Афғонистон дар 50 соли гузашта аст. Жоу, ки дар ҳукумати Чин масъалаҳои амниятӣ ва адлияро назорат мекунад, дар Кобул бо президенти Афғонистон Ҳомиди Карзай масъалаҳои марбут бо амният ва ҳамкориҳои миёни ду кишварро баҳс кардааст. Бори охир раҳбари Чин Лю Шаокӣ дар соли 1966 ба Афғонистон сафар карда буд. Моҳи июн ҳангоми зиёрат аз Чин президенти Афғонистон гуфта буд, ки кишвараш бо мақомоти Пекин дар мубориза бо терроризм ва экстремизм дар миқёси минтақа ҳамкорӣ хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG