Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Покистон: Ҷоиза ба қотил сиёсати ҳукумат нест


Роҷа Парвиз Ашраф-сарвазири Покистон
Роҷа Парвиз Ашраф-сарвазири Покистон
Сарвазири Покистон изҳор намудааст, ки ҷоиза ба қотили муаллифи филми зиддиисломӣ сиёсати ҳукумати ин кишвар нест. Дафтари матбуотии Роҷа Парвиз Ашраф рӯзи якшанбе изҳороте пахш намуда, иброз дошт, ки ҳукумат бо ваъдаи ҷоиза ба қотили муаллифи филм ҳеҷ рабте надорад.
Рӯзи шанбе вазири роҳҳои оҳани Покистон Ғулом Аҳмад Билор (Ghulam Ahmed Bilour) ба хабарнигорон гуфтааст, ки ҳозир аст ба қотили муаллифи филми тавҳинкунандаи пайғамбари дини ислом аз ҷайби худ 100 ҳазор доллар ҷоиза диҳад.
Ҳизби мардумии авоми вазири покистонӣ, ки дар эътилофи ҳоким узвият дорад, гуфтааст, ки ин мавқеи шахсии Билор аст. Дар айни замон ин ҳизб таъкид кардааст, ки бар зидди Билор ҳеҷ иқдоме пиёда нахоҳад кард.
XS
SM
MD
LG