Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мухолифин дар интихоботи Беларус ҳузур надоранд


Овоздиҳӣ дар яке аз ҳавзаҳои раъйдиҳии Беларус
Овоздиҳӣ дар яке аз ҳавзаҳои раъйдиҳии Беларус
Имрӯз дар Беларус интихоботи парламентӣ ҷараён дорад. Ҳизбҳои асосии мухолифи ҳукумат ин интихоботро бойкот кардаанд. Пешбинӣ мешавад, ки боз як парламенти киссагӣ баргузида шуда, аксари салоҳиятҳо дар дасти президенти ин кишвар Александр Лукашенко, ки аз соли 1994 дар сари қудрат аст, боқӣ хоҳад монд. Рӯзи ҷумъа шаш гурӯҳи мухолифи ҳукумат ҳабси фаъолони сиёсиро ба ёд оварда, бойкоти интихоботро пешниҳод карданд. Ба қавли мухолифин бойкот адами эътимод ба режими Лукашенко мебошад. Созмони ҳомии ҳуқуқ Амнести Интернешенел таъкид кардааст, ки маъракаи пешазинтихоботӣ аз сабаби ҳабсу боздошти мухолифин ноқис буд.
XS
SM
MD
LG