Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Вазир ба қотили муаллифи филм ҷоиза медиҳад


Дар шаҳри Пешавари Покистон эътирозгарон кинотеатрро оташ заданд

Дар шаҳри Пешавари Покистон эътирозгарон кинотеатрро оташ заданд

Рӯзи шанбе вазири роҳҳои оҳани Покистон Ғулом Аҳмад Билор (Ghulam Ahmed Bilour) ба хабарнигорон гуфтааст, ки ҳозир аст ба қотили филми тавҳинкунандаи пайғамбари дини ислом аз ҷайби худ ҷоиза диҳад:
Ман имрӯз эълон мекунам, ки ин куфргӯй ба пайғамбари муқаддас тавҳин овардааст ва агар касе ӯро қатл кунад ман ба вай 100 ҳазор доллар ҷоиза медиҳам.”
Билор Толибону ал-Қоидаро ба татбиқи ин амали ба қавли ӯ шариф даъват кард.
Ҳамчунон вазири покистонӣ аз кишварҳои олам даъват кард, ки бар зидди тавҳини пайғамбари ислом қонун қабул кунанд, зеро агар онҳо ин амалро иҷро накунанд, ояндаи онҳо пурхатар хоҳад буд.
Ҳизби мардумии авоми вазири покистонӣ, ки дар эътилофи ҳоким узвият дорад, гуфтааст, ки ин мавқеи шахсии Билор аст. Дар айни замон ин ҳизб таъкид кардааст, ки бар зидди Билор ҳеҷ иқдоме пиёда нахоҳад кард.
XS
SM
MD
LG