Пайвандҳои дастрасӣ

Амрико ба 20 тан аз ҳамроҳони Аҳмадинажод виза надод


Давлати Амрико барои 20 нафар аз ҳамроҳони Маҳмуди Аҳмадинажод, аз ҷумла ду вазири давлати Эрон виза содир накардааст.

Қарор аст, ки Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳури Эрон барои охирин бор ба унвони раиси ҷумҳур, дар нишасти Маҷмаи умумии СММ дар рӯзи ҷумъа суханронӣ кунад.

Ба гузориши хабаргузории "Форс», мақомоти Эрон ду моҳ қабл тақозои додани виза барои 160 нафарро ироа карда буданд. Дар гузориш омадааст, ки бархе аз мақомот, тими ҳифозат ва ташрифот ва «хабарнигорон» бинобар ба даст наовардани виза, аз сафари Амрико бозмондаанд. Хабаргузории "Форс" номи он ду вазирро, ки виза ба даст наовардаанд, ошкор накардааст.

Маҳмуди Аҳмадинажод аз замони оғози раёсати ҷумҳури худ дар ҳафт соли пеш, ҳамасола барои ҳузур дар Маҷмаи умумии СММ ба Ню-Йорк сафар кардааст. Вай дар сафари соли гузаштаи худ ба Амрико, ҳамсар, фарзанд, келин, домод ва набераашро ҳамроҳ бурда буд.

Рӯзноми Ню-Йорк Пост дар шумораи рӯзи ҷумъаи 14-уми сентябри соли ҷорӣ хабар додаст, ки яке аз маҷрӯҳони бамгузории интиҳории соли 97 дар Исроил, алайҳи меҳмонхонаи маҳали иқомати Маҳмуди Аҳмадинажод дар Ню-Йорк ба додгоҳ шикоят кардааст.

Меҳмонхонаи Warwick имсол мизбони раиси ҷумҳури Эрон аст. Соли гузашта низ ба вуҷуди эътирозҳои зиёд ба ин меҳмонхона барои мизбонии раиси ҷумҳури Эрон, ин ҳутел табақаи ҳаждаҳуми худро дар ихтиёри Маҳмуди Аҳмадинажод ва ҳамроҳони вай қарор дод.

Раиси ҷумҳури Эрон дар сафари қаблии худ дар соли 2011, дар СММ суханронӣ кард ва дар ин суханронӣ бори дигар хостори тағйири низоми мудирияти ҷаҳон шуд ва аз ҳамлаҳои 11-и сентябр ба унвони «ҳодисаи машкук» ёд кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG