Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Яке мақсад дорад, ки шавҳар кунаду дигаре ҳам дар фикри хона ва севумӣ дар пайи дифои рисолаи номзадист...

Ин бор наворбардори "Озодӣ" аз сокинони пойтахт пурсид, ки онҳо дар ҳоли ҳозир чӣ мақсад доранд ва ё дар пайи иҷрои чӣ коре ҳастанд. Агарчӣ посухҳо гуногун буданд, аммо аксарият гуфтанд, ки мақсад доранд ба зудӣ соҳиби хона шаванд ё ба хориҷа рафта кору зиндагӣ кунанд.

Дар ин қатор, бархе аз духтарон рӯйирост гуфтанд, ки мақсади онҳо дар ҳоли ҳозир шавҳари хуб ёфтан аст. Яке аз онҳо дар идомаи сӯҳбаташ афзуд, ҳатто ӯ мақсад дорад, панҷ фарзанди солиму некрӯйро ҳам ба дунё оварад.

Бархе аз ҳамсӯҳбатони мо мақсад доранд, фарзандони худро хуб тарбия карда, онҳоро то ҷое метавонанд ба омӯзиш фаро гиранд. Як нафар ҳам гуфт, мақсад дорад, ҳарчи зуд рисолаи номзадияшро ҳимоя ва ба ин тартиб номзади илмҳо шавад.

Сафи онҳое низ кам набуд, ки дар пайи омӯзиши касбу кор ва ё боло бурдани карйераи худанд. Хонандаи азиз, дар ҳоли ҳозир Шумо чӣ мақсад доред ва аз пайи иҷрои кадом коред? Мақсадҳои худро бинависеду аз дигаронро ҳам бифаҳмед.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG