Пайвандҳои дастрасӣ

Чарлз Накути, шаҳрванди 24-солаи Ғана, аввалин «легионер» аз ин кишвари африқоӣ аст, ки ба Тоҷикистон омадааст.

Соли 2007 ӯ бояд ба ҳайати дастаи «Спартак» - и Маскав қабул мешуд, аммо дар ҳуҷҷатҳояш камбудӣ ошкор шуд. Ин камбудӣ ӯро ба Душанбе овард.

Вай мегӯяд: «Вақте дар ҳуҷҷатҳоям камбудиҳоро ошкор карданд, агенти ман гуфт, ки ман туро ба 6 моҳ Тоҷикистон мефиристам. Пас аз шаш моҳ туро аз он ҷо бармегардонам. Ман ба Душанбе омадам ва ба тими «ССКА «Помир» шомил шудам. Шаш моҳ гузашт. Вақте ба агентам занг задам телефонаш фаъол набуд. Дигар ӯро пайдо накардам».

Чарли бо ҳамин дар Тоҷикистон монд. Оила барпо намуд ва соҳиби як писару як духтар шуд. Ҳоло аз афродест, ки тимҳои Тоҷикистонро бо бозигарони хориҷӣ таъмин мекунад.

ССКА - «Помир», тими таҳти сарпарастии вазорати дифоъи Тоҷикистон дар ҳайати худ беш аз ҳама - 6 «легионер» - дорад. Бино ба муқаррароти ФФТ, як тими ин кишвар ҳақ надорад беш аз 8 «легионер» дошта бошад ва дар як бозӣ танҳо 5 нафари онҳо ширкат карда метавонанд.

Хабир Давлатов, сарвари дастаи ССКА - «Помир» мегӯяд, бо он вуҷуд ки ба тимҳои Тоҷикистон футболбозони сатҳи ҷаҳонӣ ҷалб намешаванд, аз ҳама муҳим, ҷамъ омадани намояндагони мактабҳои гуногуни футбол аст. Вай афзуд, мутахассисони осиёӣ бар инанд, ки мактаби футболи Тоҷикистон решаи аврупоӣ дорад ва сабки мактабҳои африқоӣ ё осиёӣ дар он камтар дида мешавад:

«Барои он мо инҳоро даъват мекунем, ки бозигарони мо бо тарзи бозии давлатҳои Осиё, Африқо ва Амрикои Лотинӣ шинос шаванд. Аз бозигарони Ғанаву Нигерия тарзи бозии африқоиро меомӯзем ва соли гузашта як бозигари бразилӣ доштем, ки Оливера ном дошт, ки аз мактаби Бразилия омада буд. Онҳо бозигари хубанд ва бачаҳои мо бозии онҳоро меомӯзанд.»

Бино ба иттилои ФФТ, ки масъули трансфер ё интиқоли футболбозон аз хориҷу дохил ба дастаҳои ин кишвар аст, гуфтушунидҳо дар оғоз миёни бозингарони хориҷӣ ва клубҳо сурат мегиранд ва пас аз ризоияти тарафайн Федератсия аз ФИФА (Федератсияи байнулмилалии футбол) дархост мекунад, ки барои интиқоли ӯ ба Тоҷикистон мусоидат намояд. Дар навбати худ ФИФА ба федератсияи футболи кишвари мавриди назар дархост мефиристад, ки ҳуҷҷатҳои зарурии бозингарро пешниҳод кунад.

Ислом Маҳмадшоев, сардори шӯъбаи равобити байнулмилалии ФФТ мегӯяд, агар бозингар дар кишвари худ қарздор ё ягон мушкили дигар дошта бошад, танҳо пас аз ҳалли он ҳама метавонад ба кишвари дигар ояд. Вай афзуд, то ба ҳол футболбозе ба Тоҷикистон наомадааст, ки ягон мушкил дошта бошад:
«Харидуфурӯш ё муомилаи пулӣ байни худу клубу бозингар мешавад. Агар бозигари хуб бошаду бо тими пешинааш ҳоло ҳам созишнома дошта бошад, масъалаи интиқоли ӯ байни клубҳо ҳал мешавад. Аммо дар мо то ба имрӯз мавриде набуд, ки клубҳо бозигаронро хариду фурӯш карда бошанд. Бозигароне, ки ба кишвари мо меоянд, озоданд ва ё шартномаашон бо клуби пештараашон ба анҷом расидааст».

Ислом Маҳмадшоев мегӯяд, то ба ҳол ягон тими Тоҷикистон аз хориҷа футболбоз нахаридааст. Маъмулан футболбозони хориҷӣ ба клубҳои Тоҷикистон мустақим муроҷиат мекунанд. Маоши онҳо, ки сирри махфии клубҳо аст, ба хотири наафтодани нифоқ миёни бозингарони дигар ва клубҳо ҳеҷ гоҳ ошкор намешавад. Вай афзуд, футболбозони хориҷӣ дар Тоҷикистон аз 500 то 2 ҳазор доллар маош мегиранд. Ҳамчунин дар оғоз ҳудуди 2 ё 3 ҳазор доллар маблағи ибтидоӣ ё кӯмак дода мешавад, то футболбоз тавонад барои худ хонаи иҷора гирад ва ё дигар ҳоҷатҳояшро бароварда кунад.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар тимҳои лигаҳои гуногуни Тоҷикистон 41 бозигар, аз ҷумла аз Ғана – 16 футболбоз, аз Узбакистон - 11, аз Масъулони ФФТ

Масъулони ФФТ

Русия - 6, аз Украина - 3, аз Нигерия - 4 ва ҳатто як олмонӣ бозӣ мекунанд.
Дар мусобиқоти футболи Тоҷикистон замони трансфер ё аз тиме ба тими дигар интиқол ёфтани бозингарон қабл аз оғози даври аввал ва ҳам танаффуси байни ду давраи бозиҳо сурат мегирад. Шартномаи бозингарон бо клубҳо аз ним то се сол баста мешавад.

Дилшод Восиев, нимҳимоятгари тими «Истиқлол» аст, ки то се соли пеш дар дастаи «Мика» - и Ереван бозӣ мекард. Он замон бо ҳидояти бародараш Фарҳод ва даъвати тими «Истиқлол» ба Тоҷикистон омад. Вай мегӯяд: «Ба Федератсияи футболи Тоҷикистон муроҷиат кардам. Онҳо ҳуҷҷатҳоямро дуруст карданд. Ин ҷо маош мегирам, ки ба зиндагиам ва дигар эҳтиёҷотам мерасад».

Дар ҳоле, ки футболбозони тоҷик, бино ба иттилои ғайрирасмӣ, аз 1000 сомонӣ то 2 ҳазор доллар маош мегиранд, ба қавли бозингарони ҳамсӯҳбати мо, барои ҳар бозии бурд ба маблағҳои аз 100 то 1000 сомонӣ, вобаста ба имконоти молиявии даста ҷоизаи пулӣ низ гузошта мешавад.

Бо ин ҳол, Фарҳод Восиев гаронбаҳотарин футболбози тоҷик дар бозори байналмилалии футбол дониста шуд. Чанде қабл сомонаи мӯътабари олмонӣ transfermarkt.de ин ҳимоятгари «Шинник» - Ярославли Русияро 350 ҳазор евро баҳогузорӣ кард. Ба ҷуз ӯ, баҳои нимҳимоятгари «Регар-ТадАЗ» - Турсунзода Хуршед Маҳмудов 75 ҳазор ва Манучеҳр Ҷалилов, бозигари «Нефтехимик» - и Нижнекамски Русия 50 ҳазор евро муайян шудааст.

Ин бори аввал нест, ки сомонаи олмонӣ қимати футболбозони тоҷикро муайян мекунад. Соли 2009-ум ин сомона Фарҳод Восиев ва Раҳматулло Фузайловро 200 ҳазор евроӣ нарх монда буд. Он замон Нӯъмонҷон Ҳакимов (75 000 евро), Хуршед Фарҳод Восиев, гаронбаҳотарин футболбозони тоҷик.

Фарҳод Восиев, гаронбаҳотарин футболбозони тоҷик.

Маҳмудов (75 000 евро), Зафарҷон Зубайдов (75 000 евро), Акмал Холматов (50 000 евро), Наим Носиров (50 000 евро) ҳам баҳогузорӣ шуда буданд. Аммо имсол сомонаи олмонии transfermarkt.de 23 футболбози тоҷикро хориҷ аз баҳогузориҳои худ кардааст.

Вале Фаридун Солиев, сухангӯи ФФТ мегӯяд, ин баҳогузорӣ баёнгари воқеият нест, балки тахмини мутахассисон аз рӯи бозии бозингарон аст: «Онҳо худ муайян мекунанд, ки баҳои тахминии як футболбоз чӣ қадар аст, бахусус дар замоне, ки трансфер – аз ин ҷо ба он ҷо интиқол ёфтани футболбозон дар Аврупову ҷаҳон сар мешавад. Аммо асли арзиши футболбозони моро касе аниқ гуфта наметавонад. Ин ҳама тахмин аст».

Фарҳод Восиев, дар ҳоли ҳозир, танҳо футболбози тоҷик нест, ки дар хориҷ ҳунарнамоӣ дорад. Маҳмаднаим Шарифӣ, Парвиз Умарбоев, Алишер Ҷалилов, Манучеҳр Ҷалилов, Искандар Ҷалилов, Муҳаммад Султонов низ парвардаи футболи тоҷиканд, ки дар лигаҳои гуногуни Русия бозӣ мекунанд.

Аммо ба қавли Шавкат Аҳмадов, аз масъулини ФФТ, онҳо гарчи зодаи Тоҷикистонанд, бозингарони Русия маҳсуб мешаванд: «Инҳо ҳама бозиашонро аз Русия оғоз кардаанд. Дар вақти хурдсолӣ ба он ҷо рафта, шаҳрвандиашро қабул кардаанд. Асосан футболбозони ҷаҳон аз синни 14 дар ФИФА сабти ном мешаванд. Аз ҳар кишваре сабт шуданд, бозигари он кишвар ба ҳисоб мераванд. Маҳмаднаим Шарифӣ, ки дар Австрия бозӣ мекард, ҳанӯз дар даврони ҷанг ҳиҷрат карда, дар Русия бузург шудааст ва бозигари он кишвар ҳисоб мешавад. Аммо аз ҳисоби душаҳрвандӣ, агар ба тимҳои миллии Русия қабул нашаванд, ҳақ доранд, ки аз тими миллии мо баромад кунанд. Аммо то ба ҳол онҳо ба Русия бартарият медиҳанд».

Коршиносон мегӯянд, футболбозони тоҷик дар ҳоли ҳозир дар хориҷ талабот надоранд, ҳарчанд ҷавонони боистеъдод дар миёни онҳо кам нестанд.
Пӯлод Қодиров, директори мактаби футбол ва дар гузашта сармураббии тими мунтахаби Тоҷикистон мегӯяд, дар кишвар як бозори харидуфурӯши футболбозон ба вуҷуд наомадааст, масалан, футболбоз агент ё адвокат надорад, ки ҳамеша барояш пешниҳоди хубтареро пайдо кунад. Вай афзуд, топ – клубҳое, ба монанди «Рагар – ТадАЗ», «Парвоз», «Хуҷанд», ки собиқаи тӯлонӣ ва мактаб доранд ва ҳоло «Истиқлол», бо бозингарон тибқи қавонини байнулмилал шартнома мебанданд, аммо аксари тимҳое, ки ҳатто буданашон таҳти суол аст, ин қоидаҳоро риоя намекунанд:

«Барои ин ҳама «алифбои футбол» даркор аст. Шартномаҳо дар бораи гузаришу трансферҳо бояд дар конститутсия ва регламенти футбол бошад. Дар мо, ки ин шароит нест, агар бозингарони хубро мураббӣ бинад, меравад бо ӯ, ба қавле Легионери аз кишвари Ғана Арие Елаҷио

Легионери аз кишвари Ғана Арие Елаҷио

фуш-фуш мекунад, мегӯяд, ки ин ҷо агар ба ту 200 сомонӣ диҳанд, ман 400 медиҳам, агар 1000 диҳад, ман 2 ҳазор медиҳам, биё равем, аз тими ман бозӣ кун. Дар мо футболбозон қариб, ки имкони инкору савдоро надоранд. Дигар роҳ ҳам барояшон нест. Бозингар ҳам зиндагӣ дорад ва ба ҷуз футбол кори дигаре аз дасташ намеояд. Барои ҳамин, ба ҳар гуна шарт розӣ мешавад».

Ба бовари аксари шореҳон, Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир як кишвари аз нигоҳи футбол ақибуфтода таъриф мешавад ва як далели кам будани тақозо ба бозигарони тоҷик дар бозори байналмилалӣ ҳам ин аст. Ба ақидаи онҳо, то замоне, ки тимҳои Тоҷикистон, бо шумули тими миллиаш, бо комёбиҳо дар сабқатҳои байналмилалӣ ин фикри манфӣ дар бораи футболи тоҷикро тағйир надиҳанд, истеъдодҳои футболи мо берун аз кишвар камхаридор боқӣ хоҳанд монд. Ва аз хориҷ ҳам ба футболи мо ҳамчунон легионерҳое хоҳанд омад, ки дар арзёбиҳои байналмилалӣ футболбозони навъҳои дуву се унвон мешаванд.

Аммо Чарлз Накути, ки бояд ба наздикӣ соҳиби муҷаввизи агентӣ ё миёнаравӣ шавад, мегӯяд, ин вазъ ба зудӣ тағйир хоҳад кард. Накути гуфт, ҳоло бо чанд бозингари Бразил, Ғана ва кишварҳои Аврупо, ки сатҳи болотар доранд, маслиҳат дорад. Вай мегӯяд, ба маблағи бузургтаре то 6 моҳ онҳоро мешавад киро кард ва дар ин муддат онҳо ба бозингарони тоҷик маҳорати худро хоҳанд омӯхт. Чарлз бовар дорад, ки ин роҳи осонтар, камхарҷтар, муфидтар ва ҳам вобаста ба қудрат ва тавоноии имрӯзаи футболи тоҷик аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG