Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати мухолифон барои бойкоти интихоботи Беларус


Шаш гурӯҳи мухолифи ҳукумати Беларус аз раъйдиҳандагон хостанд, то интихоботи порлумониро бойкот кунанд.

Ҳангоми сӯҳбат бо хабарнигорон дар Минск, раҳбарони мухолифини Беларус изҳор доштанд, ки интихоботи порлумонии 23-юми сентябр танҳо як саҳнасозӣ аст.

Раҳбари ҳизби шаҳрвандии муттаҳидаи Беларус -- Анатол Лябедка мегӯяд, овоздиҳии рӯзи якшанбе авомфиребӣ асту бояд, лағв гардад: "Мо бояд ё интихоботи воқеиии президенту порлумонро барқарор кунем ва ё ин тақлиди сохтаи демократияро, ки ҳоло шоҳид мебошем, бас кунем."

Витал Римашевский, ҳамраиси ҳизби беларусии насрониҳои демократ, низ мегӯяд, то замоне ки рақибони президенти Беларус Александр Лукашенко дар зиндонанд, дар ин кишвар баргузории интихоботи озоду одилона имкон надорад.
“Барканории мухолифони асосии режим, ки аз ширкат дар интихобот маҳрум мебошанд, кофӣ аст, ки ин интихоботро ғайришаръиву ғайридемократӣ унвон арзёбӣ намоем”,-афзуд ӯ.

Ба қавли раҳбарони мухолифини ҳукумати Беларус, бойкоти интихобот амалан баёни нобоварӣ ба президент Лукашенко хоҳад буд.
Охири ҳафтаи равон ҳизби шаҳрвандии муттаҳидаи Беларус ва ҳизби беларусии насрониҳои демократ эълон карданд, ки номзадҳояшонро аз сабқати интихоботӣ бозхондаанд. Лябедка ба пайравонаш машварат додааст, ки дар рӯзи интихобот ба сайди моҳӣ ва ё аёдати наздиконашон раванд.
Шореҳон пешбинӣ мекунанд, ки дар натиҷаи интихоботи рӯзи якшанбе боз ҳамон порлумон киссагӣ интихоб мешавад ва аксари салоҳиятҳо дар дасти президент Лукашенко боқӣ хоҳад монд.

Лукашенко, ки сар аз соли 1994-ум дар сари қудрат аст, бо таъқиби дигарандешону матбуоти озод маъруфу машҳур аст. Рӯзи ҷумъа, 21-уми сентябр, президенти Беларус қарори бойкоти интихобот аз тарафи мухолфинро ин гуна шарҳ дод: “Мухолифин собит намуданд, ки арзише надоранд. Бо ин амал ҳамон даҳ нафаре, ки аз пасашон мерафт, аз онҳо рӯй мегардонанд. Аз сӯи дигар, шояд кори онҳо дуруст аст. Бубинед, оё онҳо воқеан номзад ҳастанд?”

Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, ҳоло дар зиндонҳои Беларус камаш 15 маҳбуси сиёсӣ ба сар мебаранд. Баъд аз таъқиби эътирозҳои осоиштаи моҳи декабри соли 2010-ум даҳҳо мухолифи режими Лукашенко ҳабс шуданд. Дар он интихобот Лукашенко бори чорум президенти Беларус интихоб шуда буд.
Дар арафаи интихоботи порлумонии рӯзи якшанбеи 23-юми сентябр созмони дидбони ҳуқуқи башар Амнести Интернешенл ва ё Афви байналмиалалӣ изҳороте пахш намуда, таъкид кард, ки интихобот ноқис хоҳад буд, зеро шумори зиёди мухолифин дар ҳабс ва ё бодошт қарор доранд.
XS
SM
MD
LG