Пайвандҳои дастрасӣ

Баёнияи раиси ҲДТ дар Бадахшон алайҳи Масъуд Собиров


Масъули дафтари Ҳизби демократ дар Бадахшон Масъуд Собировро барои пахши "изҳороти беасос" муттаҳам донист.

Раҳбари бахши вилоятии Ҳизби демократи Тоҷикистон дар Бадахшон, Марод Мирҳасанов, бо интишори баёнияе раиси ҳизб -- Масъуд Собировро барои пахши "изҳороти беасос дар робита ба куштори Абдулло Назаров ва ҳаводиси Хоруғ" муттаҳам кардааст.

Ҷаноби Мирҳасанов дар сӯҳбат бо мо гуфт, Масъуд Собиров бидуни ҳамоҳангӣ ва машварат бо аъзои раёсати ҳизб, аз ҷумла дар Бадахшон, дар бораи куштори Назаров ва ҳаводиси Хоруғ изҳороте пахш карда, ки "аз воқеият дуранд". Ӯ иддао дорад, дар тӯли ҳаводиси ахири Хоруғ раиси ҲДТ боре ҳам дар тамос нашуда, воқеиятро аз онҳо, ки дар ҷои ҳодиса буданд, напурсидааст.

Раиси бахши вилоятии ҲДТ дар мавриди ин ки оё кадом изҳори назари Масъуд Собировро ба унвони раиси ҲДТ беасос мешуморад, дар изҳороти худ дақиқан чизе нагуфтааст. Аммо аз ҳарфҳои ӯ чунин бармеояд, ки аъзои ҲДТ дар минтақаро асосан суханони Масъуд Собиров дар бораи гузоштани муҷассама барои Абдулло Назаров, раиси пешини Идораи амнияти Бадахшон, ки қатли ӯ боиси амалиёти нерӯҳои давлатӣ дар Хоруғ гардид, ба пахши чунин баёния водор кардааст.

Дар зимн, Масъуд Собиров, раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон, чунин иддаои як узви раёсати ҲДТ ва намояндаи он дар Бадахшонро бепоя медонад. Ӯ мегӯяд, онҳо талош карданд, то аз ҳоли аъзои ҲДТ ва вазъи воқеии Хоруғ аз Марод Мирҳасанов бипурсанд, аммо ба далели набудани иртибот ин кор барояшон муяссар нашуд. Илова бар ин, ба гуфтаи ӯ, он ҳама изҳороте, ки аз номи ҳизб пахш кардааст, бо маслиҳати аъзои раёсати ҳизб пахш шуда, на худсаронаву беҳамоҳангӣ.

Бо ин ҳама, Морад Мирҳасанов дар охири изҳороти худ ба унвони раҳбари ҲДТ дар Бадахшон, хостааст, ки анҷумани ғайринавбатии ҲДТ даъват ва дар он фаъолияту нақши ҳизб баррасӣ шавад. Ин изҳороти намояндаи ҲДТ дар Бадахшон дар ҳоле пахш шуда, ки генерал Абдулло Назаров дар рӯзи 21-уми июли соли ҷорӣ кушта ва пас аз се рӯзи он ҳаводиси Хоруғ оғоз ёфта буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG