Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Покистон мушакҳои дрон 3 касро куштанд


Дрон ва ё ҳавопаймои бидуни сарнишин
Дрон ва ё ҳавопаймои бидуни сарнишин
Назар ба гузоришҳо аз Покистон рӯзи шанбе дрон ё худ ҳавопаймои бидуни сарнишини ИМА дар вилояти Шимоли Вазиристон ду мушак партоб намуда, камаш се фарди эҳтимолан ҷангҷӯйро ба ҳалокат расондааст. Ҳувияти кушташудагон то ҳол ошкор нашудааст.
Мақомҳои амниятӣ дар шаҳри Пешавари Покистон мегӯянд, дар он минтақа гурӯҳи фармондеҳи ҷангҷӯён бо номи Гул Баҳодур фаъол аст. Ҳамла ба замоне рост омад, ки вазири корҳои хориҷии Покистон Ҳино Раббонӣ Кҳар барои арзёбии як идда масъалаҳои муҳим ва мин ҷумла ҳалли ихтилоф рӯи ҳамлаҳои ҳавоии ИМА ба Вашингтон сафар кардааст.
Шоми ҷумъа дар нишасти матбуотии муштарак бо хонум Раббонӣ Кҳар котиби давлатии ИМА Ҳилларӣ Клинтон гуфт:
Ҳадафи муштараки рақами як иҷрои барномаи зидди террористӣ аст, амнияти мардуми амрикову Покистон кафолат дода шавад. Мо бо таҳдиди умумӣ ва душмани умумӣ рӯ ба рӯ ҳастем. Мо бояд ҳамроҳ ба терроризм ва экстремизм муқовимат кунем.”
Баъзеҳо дар Покистон ҳамлаҳои ҳавопаймоҳи бидуни сарнишинро мухолифат ба истиқлоли ин кишвар меноманд. Шумори зиёди фаъолони ал-Қоида, Толибон ва дигар гурӯҳҳои ҷангҷӯй тавассути ҳамлаҳои дронҳо ба қатл расидаанд.
XS
SM
MD
LG