Пайвандҳои дастрасӣ

Марги 10 нафар ҳангоми ҳамла болои исломиҳои Либия


 Пайравони гурӯҳи исломии Ансори Шариати Либия

Пайравони гурӯҳи исломии Ансори Шариати Либия

Ҳангоми ишғоли якчанд пойгоҳи гурӯҳҳои силоҳбадасти исломӣ аз сӯи эътирозгарон дар шаҳри Бенғозии Либия камаш 10 нафар ба ҳалокат расида, камаш 20 каси дигар ҷароҳаи бардоштаанд. Тибқи гузоришҳои расида бархӯрди хунин субҳи барвақти шанбе дар назди қароргоҳҳои бригадаи Саҳатӣ ба вуқӯъ пайвастааст. Ин воҳиди низомӣ зери назорати вазорати мудофиаи Либия қарор дорад.
Ҳамчунон эътирозгарон болои пойгоҳи гурӯҳи исломии Ансори Шариат ҳамла карда, пойгоҳи онҳоро зери назорати худ қарор додаанд.Ин гурӯҳ бо сарпарастии ҳамла болои консулгарии ИМА дар Бенғозӣ муттаҳам мешавад. Ҳафтаи гузашта ҳангоми ҳамла болои консулгарии Амрико сафири ИМА дар Либия Крис Стивенс ва се дипломати дигари амрикоӣ кушта шуданд. Ҳамлаи болои пойгоҳҳои исломиҳо баъди гирдиҳамоии эътирозии тахминан 30 ҳазор нафар раҳандозӣ шуд. Онҳо талаб доштанд, ки бар зидди афзоиши нуфузи исломиҳои силоҳбааст дар Бенғозӣ ҷамъ шуда буданд.
XS
SM
MD
LG