Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

'Равшан' бо шикасти ССКА 'Помир' ба ҷои аввал баромад


Акс аз сафҳаи Фейсбуки дастаи "Равшан"-и Кӯлоб

Акс аз сафҳаи Фейсбуки дастаи "Равшан"-и Кӯлоб

Дастаи "Равшан"-и Кӯлоб дар ҷадвали бозиҳои Лигаи олии Тоҷикистон акнун дар ҷои аввал қарор дорад.

Бозии миёни дастаҳои ССКА "Помир"-и Душанбе ва "Равшан"-и Кӯлоб бо ҳисоби 0:1, ба фоидаи дувумӣ, анҷом ёфт. Ин сабқати дастаҳо дар чаҳорчӯби даври 17-уми бозиҳои Лигаи олии Тоҷикистон пас аз зуҳри 21-уми сентябр дар варзишгоҳи "Политехникум" баргузор гардид.

Дастаи "Равшан", ки яке аз довталабони медали тилои мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олии кишвар аст, ҳамакнун дар ҷадвали мусобиқот ба сафи аввал баромад. Ягона тӯби сарнавиштсози кӯлобиҳоро ба дарвозаи ССКА "Помир" легионер аз Гана - Течи Саломон дар нимаи дувуми бозӣ ба ҳадаф расонд.

Ҳамон тавре саҳфаи дастаи "Равшан" дар Фейсбук навиштааст, дар ин бозӣ дарвозабони дастаи ССКА "Помир" "барои дашноми довар" корти сурх гирифтааст. Аксҳое, ки аз ин бозӣ рӯи Фейсбук омадаанд, низ аз баҳси миёни бозигарони ССКА "Помир"-у доварон шаҳодат медиҳанд.

Дар зимн, гардонандаи сафҳаи "Равшан" дар Фейсбук дар номае ба мо навиштааст, ки "бовар дорам, агар ин корро "Равшан" мекард, Федератсияи футболи Тоҷикистон ба ғайр аз ҷарима кардан боз дигар чораҳо ҳам медид. Ман зидди ССКА "Помир" нестам, ман зидди ноҳаққиҳое ҳастам, ки нисбат ба "Равшан" раво мебинанд."

Дастаи "Равшан"-и Кӯлоб рӯзи 26-уми сентябр бо дастаи "Регар-ТадАЗ"-и Турсунзода, ки то ин дам дар сафи пеш буду акнун ба ҷои дувум фаромадааст, сабқат хоҳад кард.

Ҷой

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Равшан» (Кӯлоб)

14

12

1

1

22-5

37

2

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

14

11

2

1

34-10

35

3

«Хайр» (Ваҳдат)

15

9

3

3

27-18

30

4

«Истиқлол» (Душанбе)

13

9

2

2

32-8

29

5

«Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров)

14

7

2

5

31-20

23

6

«Вахш» (Қӯрғонтеппа)

14

7

2

5

20-9

23

7

ССКА «Помир» (Душанбе)

15

5

4

6

16-17

19

8

«Истаравшан» (Истаравшан)

15

5

2

8

22-30

17

9

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

14

5

1

8

18-23

16

10

«Энергетик» (Душанбе)

14

3

5

6

18-19

14

11

«Ҳосилот» (Фархор)

14

3

1

19

14-33

10

12

«Зарафшон» (Панҷакент)

14

1

3

10

15-44

6

13

«Гвардия» (Душанбе)

14

1

0

13

8-41

3


Нишонзанҳои беҳтарин: Дилшод Восиев ("Истиқлол") - 11 тӯб, Асадулло Бобоҷонов ва Мансур Ҳакимов (ҳарду аз “Парвоз”) – 9-тӯбӣ, Габриэл Донто ("Энергетик") ва Аҳтам Ҳамроқулов ("Регар-ТадАЗ") – 8-тӯбӣ.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG