Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Туркия ҳукми афсарони табаддулотгар эълон шуд


Имрӯз як додгоҳи шаҳри Истамбули Туркия аз рӯи парвандаи таҳияи табаддулоти давлатӣ, ки дар он садҳо генералу афсарҳо айбдор мешаванд, 330 нафарро маҳкум ба зиндон кард. Се фармондеҳи воломақоми собиқ – Иброҳим Фиртин, Озден Орнек ва Четин Доған ба мӯҳлати 20-солӣ равонаи зиндон карда шуданд. Додситонӣ талаб кард, ки онҳо ба ҳабси абад маҳкум шаванд.

Додгоҳ 327 нафари дигар ба мӯҳлатҳои то 18 сол маҳкум кард. 34 нафар сафед карда шуданд.

Мақомоти тафтишотӣ мегӯянд, ки соли 2003 низомиён талоши сарнагун сохтани ҳукумати исломии мӯътадилро кардаанд. Айбдоршавандагон иттиҳомро рад намуданд. Генерали мустаъфӣ, фармондеҳи собиқи Артиши аввали Туркия Четин Доғанн зимни ироаи ҳарфи ахир дар додгоҳ мурофиаро “ноодилона ва ғайриқонунӣ” комид.

Таҳлилгарон мегӯянд, ки бо баргузории ин мурофиа ҳукумати феълии Анқара нуфузи даҳсолаҳо пойдори низомиёни воломақом ба сиёсати Туркияро аз байн бурд.
XS
SM
MD
LG