Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди СММ аз шиканҷа дар маҳбасҳои Гурҷистон


Идораи СММ дар умури ҳуқуқи башар шиканҷа ва бадрафторӣ дар маҳбасҳои Гурҷистонро маҳкум кард ва аз Тифлис хост, ки ҳама далелҳои шиканҷаро воқеъбинона тафтиш кунад.

Дар изҳороти ин ниҳод омадааст, ки СММ чанд сол боз аз шиканҷа дар маҳбасҳои Гурҷистон нигарон аст.

Чанд рӯз пеш сабти видеоии бадрафтории кормандони маҳбаси Глдани канори Тифлис нисбати маҳбусон аз тариқи шабакаҳои телевизионии мухолифини ҳукумати Гурҷистон нашр шуда буд. .
XS
SM
MD
LG