Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар эътирозҳо дар Покистон 13 нафар ҷон бохтанд


Дар Покистон дар ҷараёни эътирозҳо алайҳи филми “Бегуноҳии мусалмонҳо” ва нашри тасвирҳои ҳаҷвии Паёмбари Ислом дар як маҷаллаи фаронсавӣ дасти кам 13 нафар ба ҳалокат расида, тақрибан 200 тани дигар ҷароҳат бардоштанд.

Ба навиштаи хабаргузории Франс-пресс, дар шаҳри Қарочӣ 9 нафар, аз ҷумла, як корманди полис кушта шуданд. Дар Пешовар, издиҳоми хашмин ду кинотеатрро ба оташ кашид ва полис барои парокандасозии эътирозгарон сӯи онҳо оташ кушод. Дар ин ҷо чаҳор кас, аз ҷумла, як корманди шабакаи телевизионии маҳаллӣ ҷон бохтанд.

Ҳукумати Покистон ҷумъаро “Рӯзи муҳаббат ба Паёмбар” эълон карда ва аз мардум даъват намуда буд, ки гирдиҳамоиҳои осоишта доир кунанд.

Эътирозҳо алайҳи филми “Бегуноҳии мусалмонҳо” дар дигар кишварҳои исломӣ ҳам идома доранд.
XS
SM
MD
LG