Пайвандҳои дастрасӣ

Дар баҳс бо Асадуллозода, "Бахт" ба "Корвон" арҷ гузошт


Нуриддин Маҳкамов, раиси ширкати "Бахт"

Нуриддин Маҳкамов, раиси ширкати "Бахт"

Ширкати «Бахт» ба нишони ҳамгироӣ бо зиёндидаҳои бозори «Корвон», аз даъвои ҳашсола бо "Ориёнбонк" даст кашид.

Нуриддин Маҳкамов, раиси ширкати «Бахт» рӯзи ҷумъа ба радиои Озодӣ гуфт, ки нимаи дуввуми рӯзи ҷумъа мурофиаи баҳси навбтии ширкати «Бахт» бо Ориёнбонк сурат гирифт ва онҳо эълон карданд, ки аз идомаи баҳсу даъвои худ ба фоидаи зарардидаҳои "Корвон" даст мекашанд.

Нуриддин Маҳкамов мегӯяд, ки ширкат аз даъвои 1 миллиону 300 ҳазор сомонӣ даст кашид ва пешниҳод кард, ки ҳамин маблағ барои кӯмак ба зарардидагони "Корвон" сарф шавад. "Дар сӯхтори бозори "Корвон" садҳо сокинони кишвар зиёни бузуриги молӣ диданд ва ба ин хотир бонкҳои Тоҷикистон, аз ҷумла Ориёнбонк бояд имконе дошта бошад, ки ба зиёнгдидагон кӯмак расонанд."

Бузургмеҳр Ёров, вакили мудофеъ, ки дар баҳс аз манфиати ширкати "Бахт" пуштибонӣ мекард, мегӯяд, ки ин иқдом ба хотири даъвати ҳукумати шаҳри Душанбе ва президенти Тоҷикистон дар мавриди кӯмак ба зарадидагони "Корвон" гирифта шудааст.

Вакили мудофеъ гуфт, ки дар мурофиаи имрӯз, додгоҳи вилояти Суғд бо назардошти ин пешинҳод идомаи баррасии парвандаро боздошт ва бо ҳамин Бузургмеҳр Ёров, вакили дифоъ

Бузургмеҳр Ёров, вакили дифоъ

баҳси 8-солаи ин ширкат бо "Ориёнбонк ба охир расид.

Қиссаи ширкати тиҷоратии «Бахт» бо "Ориёнбонк" дуру дароз буда, ҳанӯз соли 2003 оғоз шудааст. Соли 2003 ширкати тиҷоратии “Бахт” дар заминаи додугирифти тиҷоратӣ “Ориёнбонк”-ро ба паймоншиканӣ ва ба таври ғайриқонунӣ аз худ кардани маблағ муттаҳам карда, қазияро ба додгоҳ кашонидаанд.

Додгоҳ Хуҷанд ҳамон сол ҳалномаи худро ба фоидаи ширкати тиҷоратии "Бахт" содир ва "Ориёнбанк"-ро вазифадор кард, ки маблағро баргардонад. Аммо ба гуфтаи даъвогар, "Ориёнбонк" бо ҳар баҳона аз иҷрои қарори додгоҳ сарпечӣ мекард. Қарзи ширкати "Бахт", ки дар оғоз 800 ҳазор сомонӣ буд, бо назардошти фоиз аз соли 2003 ҳоло ба 1 миллиону 300 ҳазор сомонӣ баробар аст.

Нозирони бетараф, ки баҳси ширкати тиҷоратии "Бахт" бо "Ориёнбанк"-ро назора мекарданд, мегӯянд, ба эҳтимоли қавӣ "Бахт" ба қароре расид, ки ҳеҷ гоҳ наметавонад пули худро аз раиси "Ориёнбанк" Ҳасан Асадуллозода, бародарзани раиси ҷумҳури Тоҷикистон бозпас бигирад ва аз ин рӯ ба ҷайби бечораҳо рафтани ин маблағро авлотар донистааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG