Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бозтоби сафари президент Раҳмон ба Бадахшон ва нигоҳе ба боздиди қарибулвуқӯъи Владимир Путин ба Тоҷикистон дар меҳвари матолиби аксари нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Душанбе қарор додаанд.

«Имрӯз нюз» дар матлаби «Эмомалӣ Раҳмон: Ман ҳеҷ гоҳ сари миллати худ теғ накашидаам» аз қавли худи президент навишт, ки «ин ҷо гуноҳи ман ҳам ҳаст. Онҳо ваъда карданд, ки дигарбора ин корро такрор намекунанд ва дар чорчӯби қонун фаъолият мекунанд, аммо онҳо ба ваъдаи худ вафо накарданд». Ба навиштаи ин рӯзнома, суханони раиси ҷумҳур ишорае ба раҳбарони гурӯҳҳои мусаллаҳ аст, ки ахиран онҳо сабаб шуданд, ки амалиёти сохторҳои қудратӣ дар Хорӯғ роҳандозӣ шавад».

«Азия плюс» аз он навиштааст, ки дар сафари раиси ҷумҳур ба Бадахшон сӯҳбати ошкор аз ҳаводиси Хоруғ сурат нагирифт. Нашрия дар матлаби «Главный вопрос президенту никто не задал» (Суоли асосиро ба раиси ҷумҳур касе надод), навишт, «ҳарчанд суолоти зиёде дар ин сӯҳбат ироа шуд, аммо дардноктарин ва он ҳам бӯҳрони Хоруғ, аз сӯи ҳеҷ касе матраҳ нашуд». Аммо нашрия менависад, бо он ки мардум ин мавзӯъи нозукро «ҳамту матраҳ накардаанд», аммо ин масъала ҳамчунон побарҷост ва бояд баррасӣ шавад». Зеро ба таъкиди нашрия, «ақаллан ба хотири ҷилавгирӣ аз такрори чунин ҳодисаҳои фоҷеабор дар оянда, бояд ин мавзӯъ ҳаллу фасл шавад».

«Фараж» ин суолро матраҳ ткардааст, ки «Президент аз Бадахшон бо чӣ дастоварде бармегардад?» Исмоил Раҳматов сафари президент ба Бадахшонро «зарурӣ» хонда, вале ҳамзамон гуфтааст, ки «дастоварди баргашти президент аз Бадахшон мулоқоти самимии вай бо мардум аст». Ин аст, ки Сафват Бурҳонов, таҳлилгари тоҷик гуфтааст, «то аз дур истода кина дар дил доштан, назди мардум рафта, воқеиятро аз наздик дидан хубтар аст». Аммо Ойниҳол Бобоназарова, раиси созмони «Перспектива» аз амалкарди мансабдорон дар заминаи монеъ шудан ба сӯҳбати ошкори президент қабл аз сафар интиқод карда ва мегӯяд, «президентро лозим аст, то худ нақшаи сафарашро кашад ва воқеияти объективиро худ бифаҳмад».

«Нигоҳ» дар ҳошияи таҳаввулоти Бадахшон қудрати мансбадорони аввали сохторҳои қудратиро ба тарозӯ гузошта ва навишт, ки «амалиёти то ҳол норӯшан -муваффақ ё номуваффақ дар ин вилоят низоми амниятии кишварро сахт такон дод. «Боми ҷаҳон» на фақат фатҳ нашуд, балки заъфи ниҳодҳои қудратро бармаъло кард». Ин аст, ки нашрия ин суолро мегузорад, ки «Мардум ба роҳбарони мақомоти қудратии кишвар эътимод надоранд, аммо президент Эмомалӣ Раҳмон бовар дорад?»

«Наҷот» руҷӯе ба сафари қарибулвуқӯи Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия карда ва дар матлаби «Путин ба тиҷорати базаи ҳарбии хеш нуқта гузоштанист», навишт, ки «бале рӯзи нуқта гузоштан ба баҳси тӯлонии базаи ҳарбӣ чандон дур ҳам нест. Чун агар дар мавриди аксари ҷанбаҳои масъала мувофиқа ҳосил шавад, аввалҳои моҳи октябр президенти Русия маҳз ба ҳамин хотир ба Душанбе меояд». Ҳамзамон нашрия менависад, ки «ҷониби Тоҷикистон ва Русия тамоми ҷанбаҳои масъалаи будубоши пойгоҳи низомиро тӯли давраи сӯҳбату мулоқотҳо баҳс карда, ба мувофиқа расидаанд ва масъулияти ҷаноби Рустам Менглиев, вазири адлияи Тоҷикистон, танҳо «таҳрири ҳуқуқӣ»-и санад мебошад», агарчӣ аз изҳороти ҷониби Тоҷикистон ва Русия дар мавриди музокироти анҷомёфта ҳарфи эътимодбахш шунида нашуд».

«Озодагон» дар робита ба сафари қарибулвуқӯъи раиси ҷумиҳури Русия мақолаи «Сафари Путин: бурди ҳукумат ва бохти Тоҷикистон?» чоп кардааст. Дар ин матлаб нашрия менависад, «пас аз ҳаводиси Хоруғ, ки нуфузи Эмомалӣ Раҳмонро миёни мардум коста кард, ҳоло роҳи ягонаи ба даст овардани пирӯзӣ дар интихоботи 2013, ин қабул кардани пешниҳодҳои Русия дар маврид ҳузури низомиёни рус барои солҳои тӯлонӣ мебошад. Бо таваҷҷӯҳ ба ин, коршиносон мегӯянд, ки Тоҷикистон дар маврид иҷорапулӣ даҳон нахоҳад кушод». Бо ин ҳам ба таъкиди нашрия, «аз сафари қарибулвуқӯъи Путин гурӯҳе аз коршиносон интизороти хушбинона надоранд. Онҳо мӯътақиданд, ки Путин бар ивази ваъдаи 7 соли дигар ҳукмронӣ ба ҳукумат, манфиатҳои миллии тоҷиконро боз нодида хоҳад гирифт ва ҳукумат низ дар навбати худ бар ивази ин ба муддати тӯлонӣ пойгоҳи низомии Русияро бидуни маблағ дар ихтиёри онҳо мегузорад».

«СССР» созишномаи низомӣ бо Русия ва бунёди Роғунро ба ҳамдигар «синоним» дониста ва навиштааст, ки «агар он баста шуд, баҳои эспертизаи Бонки Ҷаҳонӣ «номувофиқ» хоҳад буд, агар баста нашуд, экспертиза баҳои «аъло» хоҳад дод.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG