Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Монополияи нафту газ аз сӯи як ширкат чӣ паёмад дорад?


Ширкати «Газпром» дар чанд соли ахир тиҷорати бензину газ дар Тоҷикистонро зери даст гирифтааст.

Тибқи маълумоти Хадамоти зиддинҳисории Тоҷикистон, феълан воридкунандаи аслӣ ва монополисти бахши маводи сӯхт, хусусан бензин дар Тоҷикистон, ширкати «Газпромнефт-Тоҷикистон» аст, ки 55 дарсади воридоти бензин ба ин ширкат иртибот мегирад.

Ширкатҳои хурди дигар дар ин майдон бозингарони хурду бетаҷриба ҳастанд, ки тавони рақобат бо ин ширкати азими русиро надоранд.

Соҳибназарон мегӯянд, «Газпром» дар ин чанд соли ахир қисмати аъзам ва нуқатаҳои муҳими тиҷорати чаканаи бензину газ дар Тоҷикистонро низ харида ва бозори маводи сӯхтро зери даст гирифтааст.

Ҳамчунон дар бахши воридоти гази моеъ низ «Газпромнефт-Тоҷикистон» бозингари аслӣ аст ва аксар маворид нархҳо бо «диктовка»-и ин ширкат пасту баланд мешаванд.

Наворгири «Озодӣ» дар хиёбонҳои пойтахт аз ронандаҳои мусофирбар суол кард, ки «Монополияи бахши нафту газ аз сӯи як ширкати хориҷӣ барои Тоҷикистон чӣ паёмад дорад?» Назари шумо чист?

Монополияи нафту газ чӣ паёмад дорад?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:11 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG