Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афсари нерӯҳои марзбонӣ ба 18 соли зиндон маҳкум шуд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Як афсари нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ба иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир ва таҷовуз ба номус, ба 18 соли зиндон маҳкум шудаст.

Қозии мурофиа Исмоил Мирмахсумов ба “Азия Плюс” гуфтааст, додгоҳи низомии гарнизони Хатлон, сардори қитъаи марзбонии «Кокул» Ҷовидон Абдуллоевро барои қочоқи маводи мухаддир ва таҷовуз ба номус, ба 18 соли зиндон маҳкум кардааст.

Ду афсари дигари ҳамин қитъаи марзбонӣ Ғайрат Шарифов ва Саидмуроди Тағоймурод низ барои қочоқи маводи мухаддир мутаносибан ба 14 ва 13,5-соли маҳкум ба зиндон шуданд.

Дар ҷараёни мурофиаи додгоҳӣ ошкор шудааст, Ҷовидон Абдуллоев бо қочоқбарони афғонӣ иртибот барқарор намуда ва аз он сӯи дарё ба Тоҷикистон маводи мухаддир интиқол медодааст.

Аз ин қабл ноиби фармондеҳи гузаргоҳи марзии Кокул Наҷибуллоҳ Носиров ва Диловар Даматов бо ҷурми фурӯхтани беш аз 5 кило ҳашиш ва 1 кило афюн маҳкум шуда буданд. Додгоҳ ҳардуро аз унвонҳои низомӣ низ маҳрум карда буд.

Гузаргоҳи «Кокул» воқеъ дар ноҳияи Фархор, ягона гузаргоҳи расмист, ки навоҳии минтақаи Кӯлобро бо Афғонистон мепайвандад.

Гузаргоҳи «Кокул», ягона гузаргоҳе буд, ки солҳои 1996-2001 ба нерӯҳои Эътилофи шимол дар Афғонистон бо сарварии Аҳмадшоҳи Масъуд тариқи он кӯмак расонида мешуд, зеро дар ин солҳо тамоми дигар гузаргоҳҳо бо Тоҷикистон дар ихтиёри Толибон қарор доштанд. Шоҳидон мегӯянд, аз ин дидбонгоҳ ба минтақаҳое, ки таҳти тасаруфи Толибон набуданд, маводи озуқа ва сӯзишворӣ интиқол дода мешуд.
XS
SM
MD
LG