Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Паскал Ламӣ: рушди иқтисоди олам аз интизор камтар буд


Паскал Ламӣ

Паскал Ламӣ

Созмони ҷаҳонии тиҷорат пешгӯиҳо дар бораи рушди иқтисоди ҷаҳон дар соли 2012-ро тайғир дод.

Моҳи апрели соли равон ин ниҳод пешгӯӣ карда буд, ки рушди иқтисоди олам 3,7 дар садро ташкил хоҳад дод. Аммо имрӯз Дабири кулли Созмони ҷаҳонии тиҷорат Паскал Ламӣ дар як конфаронс дар Сингапур изҳор намуд, ки рушди иқтисод аз 2,5 дар сад бештар нахоҳад буд. Сабабҳои коҳиши рушди иқтисодро ӯ бо идомаи бӯҳрони қарзӣ дар Аврупо, заъиф шудани болоравии иқтисодии Чин ва мушкилоти иқтисодиёти ИМА бастагӣ дод.

Пешгӯиҳои Созмони ҷаҳонии тиҷорат дар бораи рушди иқтисод дар соли 2013 ҳам бознигарӣ шудаанд.
XS
SM
MD
LG