Пайвандҳои дастрасӣ

Баҳои начандон хуби озодии дини Тоҷикистон


Нерӯҳои интизомӣ монеи рафтани ҷавонон ба масҷид мешаванд. Акс аз бойгонӣ.

Нерӯҳои интизомӣ монеи рафтани ҷавонон ба масҷид мешаванд. Акс аз бойгонӣ.

Гузориши фарогири Форуми дин ва ҳаёти иҷтимоӣ ҳокист, ки маҳдудиятҳои мазҳабӣ дар саросари ҷаҳон афзоиш меёбад.

Ин пажӯҳиш дар поёни соли 2010 дар 197 кишвару қаламрави дунё анҷом шуда, як хулосаи асосиаш ин аст, ки ду сол пеш тақрибан 75 дарсади аҳолии ҷаҳон ҳамчунон дар шароити эъмоли маҳдудиятҳо аз сӯи давлатҳо дар роҳи иҷрои фаризаҳои мазҳабӣ ба сар мебурд. Тоҷикистон инбор ҳам дар ин гузориш дар радифи кишварҳои мизони маҳдудиятҳои мазҳабиаш баланд омадааст.

Ин гузориши севуми Форуми дин ва ҳаёти иҷтимоии Pew Research Center буда, мегӯяд, маҳдудиятҳои мазҳабӣ дар соли 2010 назар ба соли 2009 дар ҳамаи 5 қитъаи бузургтарини дунё, бо шумули ҳарду қораи Амрикои ҷанубиву шимолӣ ва ҳатто Аврупо, рӯ ба афзоиш дошт. Шумори давлатҳое, ки мизони маҳдуд кардани озодии динашон “хеле баланд” арзёбӣ мешавад, дар соли 2010 ба 15 расида, аз соли 2007 ба шумори давлатҳои таъқибгари асосии дин Мисру Нигерия, Русия, сарзаминҳои фаластинӣ ва Яман ҳамроҳ шудаанд.

Ин таҳқиқот мизони маҳдудиятҳои мазҳабӣ дар аксари кишварҳои арабиро “хеле баланд” дарёфтааст. Вале ин пажӯҳиш ҳанӯз қабл аз ошӯбҳои “Баҳори Араб” буд, ки дар бисёре аз ин кишварҳо режимҳои худкомаро суқут дода ва гурӯҳҳои исломиро ба қудрат расонд.

Гузориш мегӯяд, 37 дарсади давлатҳо, ки макони зиндагии 75 дарсад аз 7 миллиард ҷамъияти дунёянд, дар роҳи иҷрои фаризаҳои мазҳабӣ монеа эҷод мекунанд. Аммо агар Узбакистон дар радифи 15 таъқибкунандаи асосии дин бошад, 4 кишвари дигари Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, дар байни 32 кишваре омадаанд, ки мизони маҳдудиятҳои мазҳабиашон “баланд” боқӣ мемонад. Ба Тоҷикистон дар ин бахш 6,5 балл додаанд, ки аз 7,9 балли Узбакистон камтар, вале, барои мисол, аз 0,2 холи Сан-Марино бамаротиб бештар аст.

Понздаҳгонаи “таъқибгарони асосӣ”-ро дар маҷмӯъ 3 кишвари пасошӯравӣ – Узбакистону Русия, ки зикрашон рафт, ва ҳам Беларус “зеб” медиҳанд. Аммо Туркманистон ин дафъа аз ин рӯйхати сиёҳ берун рафтааст.

Меъёри дигари арзёбӣ дар ин пажӯҳиши Pew Research Center мизони хусумати ҷомиа дар заминаҳои мазҳабист. Таҳқиқот аз ин зовия вазъ дар Тоҷикистон ва Узбакистонро бо мутаносибан 2,3 ва 2,2 балл “мӯътадил” арзёбӣ кардааст. Аммо обрӯи Қирғизистон дар ин бахши гузориш пойинтар буда, Бишкек дар радифи кишварҳое омадааст, ки мизони хусумати мазҳабии мардумаш “баланд” дониста мешавад.

Pew Research Center мизони хусумати иҷтимоиро дар 15 кишвар “хеле баланд” дарёфтааст. Ин рӯйхати манфӣ бо Покистону Ҳинди маъруф ба мавридҳои афзояндаи хушунатҳои мазҳабиву байнимазҳабӣ оғоз ёфта, кишварҳое, чун Афғонистону Шри-Ланка, Ироқ, Яман ва Русияро низ дар бар мегирад.

Як далели баҳои мӯътадили Тоҷикистон дар ин бахши таҳқиқоти Pew Research Center ин аст, ки дар ин кишвар, ба ҳар сурат, дар чанд соли охир мавридҳои куштани афрод дар заминаи адовати мазҳабӣ сабт нашудааст. Аммо мизони маҳдудиятҳои давлатӣ дар роҳи иҷрои фаризаҳои динӣ дар сатҳи “баланд” боқӣ монда, ин як монеаи асосӣ дар роҳи расидани Душанбе ба қатори кишварҳоест, ки бо тазмин ва муҳимтар аз он, бо таъмини озодии дин обрӯ гирифтаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG