Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми афсарони "табаддулотгар"-и турк эълон мешавад


Қарор аст, ки имрӯз додгоҳи Туркия дар робита ба парвандаи кӯшиши табаддулоти давлатӣ,ки дар он садҳо генералу афсарҳо айбдор мешаванд, ҳукм содир кунад.

Мақомоти тафтишотӣ мегӯянд, ки соли 2003 низомиён талоши сарнагун сохтани ҳукумати исломии мӯътадилро кардаанд. Айбдоршавандагон, ки теъдодашон 365 нфар аст, иттиҳомро рад кардаанд. Генерали мустаъфӣ, фармондеҳи собиқи Артиши аввали Туркия Доған Четин зимни ироаи ҳарфи ахир дар додгоҳ мурофиаро “ноодилона ва ғайриқонунӣ” комид.

Ба айбдоршавандагон то 20 солии маҳрумият аз озодӣ таҳдид мекунад. Таҳлилгарон мегӯянд, ки бо баргузории ин мурофиа ҳукумати феълии Анқара нуфузи даҳсолаҳо пойдори низомиёни воломақом ба сиёсати Туркияро аз байн бурд.
XS
SM
MD
LG