Пайвандҳои дастрасӣ

Ғарб Эронро дар фурӯши силоҳ ба Димишқ айбдор кард


Дар нишасти Шӯрои амнияти СММ дипломатҳои кишварҳои ғарбӣ Эронро дар интиқоли силоҳ ба Сурия айбдор карданд.

Намояндагони ИМА, Бритониё, Фаронса ва Олмон ҳамчунин аз он изҳори нигаронӣ карданд, ки Теҳрон хоҳиши боз кардани дасти муассисаҳои ҳастаияш ба рӯи нозирони байнулмилалиро надорад. Сюзан Райс, намояидаи доимии ИМА дар СММ, изҳор намуд, ки аъзои Шӯрои амният гомҳои ахири Эрон дар роҳи коркарди ҳастаиро қабул надоранд.

Кишварҳои ғарбӣ Эронро дар талоши дастёбӣ ба силоҳи ҳастаӣ айбдор мекунанд ва аммо Теҳрон пайваста таъкид мекунад, ки барномиаи милли ҳастаияш фақат аҳдофи осоишта дорад.
XS
SM
MD
LG