Пайвандҳои дастрасӣ

Амир Икромов: "Қотилони бародарамро ба додгоҳ мекашам"


Амир Икромов, бародари Ҳамза Икромзода

Амир Икромов, бародари Ҳамза Икромзода

Дар рустои Хирманаки ноҳияи Ҳисор, 25-километрии ғарби Душанбе, ҷанозаи Ҳамза Икромзодаро ба хок супориданд.

Ҳамза Икромзодаи 27- сола, ки ду сол пеш ба 8 соли зиндон маҳкум шуда буд, ба гуфтаи пайвандонаш, рӯзи 20-уми сентябр дар зиндони рақами аввали Душанбе бар асари латту кӯб ва шиканҷа ҷон бохтааст. Замоне, ки вориди манзили хонаводаи нафари марҳум шудем, волидону бастагони ӯ сари турбаташ шевану нола мекарданд.

Амир Икромов, бародари Ҳамза Икромзода, гуфт, хабари марги бародарашро аз зиндониёни дигар шунида, зуд ба маҳбас рафтааст. Ӯ гуфт, чанд рӯз пеш миёни маъмурон ва чанде аз зиндониҳо муноқиша сар зада ва ба дунболи он баъзе аз маҳбусон, аз ҷумла бародари ӯро дар ҳуҷраи ҷаримавии зиндон ҷо кардаанд.

Ба гуфтаи Амир, барои раҳоӣ аз ин ҳуҷра аз ӯ маблағ талаб кардаанд ва чун бародари ӯ тавони пардохти ин миқдор маблағро надоштааст, Ҳамзаро бо дарзмоли тафсон ва зарби анбур шиканҷа дода, ба ҳалокат расонидаанд. Амир афзуд, дар қисматҳои мухталифи ҷасади бародараш осори шиканҷа хеле зиёд ба мушоҳида мерасад, ки онҳо он ҳамаро ба навор гирифтаанд.

"Гуфта буд, ки бисёр ғам медиҳанд, либосҳоямро титу пит мекунанд. Ман Осори шиканҷа дар бадани Ҳамза Икромов ошкор буд.

Осори шиканҷа дар бадани Ҳамза Икромов ошкор буд.

гуфтам, то рӯзи душанбе сабр кун, ман рафта бо онҳо гап мезанам. Рӯзи шанбе байни онҳо ҷанҷол шудааст. Бурдаанду дар Шизо маҳкамаш кардаанд. Рафиқонаш хабар доданду гуфтанд, ки барои раҳоии вай аз онҷо 2 ҳазор доллар мепурсанд. Гуфтанд, агар наорӣ, муқобилаш дело кушода ӯро панҷ сол мӯҳлат медиҳанд. Экспертиза гуфта истодааст, ки ӯ худро ба дор кашидааст. Ман тамоми баданашро нишон дода гуфтам, ба дор кашидагӣ ҳамин хел мешавад? Танаш бо дарзмол сӯзондагӣ, пойҳо сӯзондагӣ, пушти бадан сип-сиёҳ",-нақл кард Амир Икромов.

Фурқат Ғаниев, муовини мудири Маркази ҷумҳуриявии ташхиси тиббӣ, ки дар муоинаи ҷасади Ҳамза ширкат кардааст, гуфт, то анҷоми комили пажӯҳиш дар бораи иллати ин ҳодиса чизе гуфта наметавонад: "Ҳоло номаълум. Натиҷаҳои таҳлилҳои иловагиашро нагирифтаем. Вақте натиҷаҳоро мегирем, баъд метавонем муайян кунем. Ҳамин ки хулосаамонро додем, баъд Шумо метавонед аз муфаттишҳо бипурсед."

Модари Ҳамза Икромзода дар сӯги фарзанди худ мегиряд. Деҳаи Хирманаки ноҳияи Ҳисор, 21-уми сентябр

Модари Ҳамза Икромзода дар сӯги фарзанди худ мегиряд. Деҳаи Хирманаки ноҳияи Ҳисор, 21-уми сентябр



Масъулини зиндони шумораи аввали пойтахт низ ҳозир нашуданд, дар робита ба ин ҳодиса чизе бигӯянд. Аммо як манбаъ аз Идораи зиндонҳои вазорати адлияи Тоҷикистон таъйид кард, ки ин ҳодиса мавриди санҷиши мақомоти марбута қарор гирифтааст. Толиб Азимов, додситони нозири иҷрои қонунҳо дар зиндонҳои Душанбе ва навоҳии атроф, низ дар як сӯҳбати хеле кӯтоҳ тасдиқ кард, ки қазия таҳти бозрасӣ қарор дорад. Ӯ хеле кӯтоҳ гуфт, ки "аз ҳамааш дарак дорам, аз ҳамааш хабар дорам. Мо корро пеш мебарем."

Тоҷикистон ба маҳзи бадрафторӣ ва шиканҷаи гумонбарон дар гузоришҳои байналмилалии ҳуқуқи башар ҳамеша танқид мешунид. Соли гузашта ин мавзӯъ бо ҳалокати Сафаралӣ Сангов, Исмоил Бачаҷонов ва Баҳромиддин Шодиев дар боздошт доғтар шуд. Як мояи дигари интиқодҳои байналмилалӣ, аз ҷумла аз ҷониби Кумитаи зидди шиканҷаи СММ ба таври мунсифона таҳқиқ нашудани чунин маворид, бо муҷозоти хеле сабук халос шудани маъмурони гунаҳкор ва то ҳол ҷуброни молӣ нагирифтани ягон хонаводаи қурбониёни шиканҷа дар Тоҷикистон Ҳамза Икромов

Ҳамза Икромов

аст. Таҳти оташи ин интиқодот Маҷлиси намояндагон дар моҳи феврал як банди алоҳидаи Қонуни ҷиноиро ба шиканҷа ихтисос дод.

Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд, соли гузашта дар кишвар ҳамагӣ 5 мавриди шиканҷа собит шудааст. Ба ҳисоби ҳомиёни ҳуқуқ, чунин маворид дар асл хеле бештар аст, вале аз як сӯ, шикоятҳо дуруст таҳқиқ намешаванд ва ҳам бисёриҳо аз тарси таъқиб, лаб ба шикоят намекушоянд.

Дар ҳоле ки ин гузориш омода мешуд хабар расид, ки шаби панҷшанбе ба ҷумъа як шахси боздоштшуда бо иттиҳоми ҳифзи маводди мухаддир худро аз қабати шашуми бинои Оҷонсии мубориза бо маводди мухаддир дар шаҳри Душанбе ба зер андохта ба ҳалокат расонидааст. Додситонии ноҳияи Фирдавсӣ дар қиболи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Бо ин ҳама, Амир Икромов, бародари Ҳамза мегӯяд, ӯ тамоми талошро хоҳад кард, то қотилони бародарашро, ки ба гуфтаи вай, маълуманд, ба ҷазо бикашанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG