Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳушдори ИМА ба Исроил дар мавриди паёмади ҳамла ба Эрон


Мақомоти ИМА ба Исроил ҳушдор додаанд, ки дар сурати ҳамла ба Эрон, эҳтимоли лағви паймони сулҳи Исроил бо Миср ва Урдун вуҷуд дорад.

Рӯзномаи исроилии "Yedioth Ahronoth" рӯзи панҷшанбеи 20-уми сентябр ба нақл аз яке аз мақомҳои баландпояи исроилӣ навиштааст, ки яке аз мақомҳои амрикоӣ ба Исроил ёддовар шудаанд, дар сурате, ки агар Исроил ба Эрон ҳамла кунад, раҳбарони ҷаҳони араб қодир нахоҳанд буд вокуниш ва хашми мардумашонро контрол кунанд.

Ба навиштаи "Yedioth Ahronoth", ин мақоми исроилӣ бо ишора ба вокунишҳои мусалмонон ба филми «Бегуноҳии мусалмонон», ки дар он ба паёмбари ислом тавҳин шудааст, гуфтааст, дар ҳоли ҳозир ин раҳбарони ҷаҳони араб нестанд, ки мардумро контрол кунанд, балки мавҷи мардум дар хиёбонҳост, ки онҳоро контрол мекунад.

Ин рӯзнома ба нақл аз ин мақоми давлатии исроилӣ навиштааст, ҳамлаи Исроил ба Эрон ҳамон чизе аст, ки эрониҳо интизор дорад: тамоми ҷаҳони араб ва мусалмонҳо ба хиёбонҳо бирезанд.

Ин мақоми исроилӣ ҳамчунин меафзод, Миср ва Урдун ба унвони танҳо кишварҳои арабие, ки бо Исроил паймони сулҳ имзо кардаанд, мумкин аст дар сурати ҳамла ба таъсисоти ҳастаии Эрон, бо фишорҳои шадид барои лағви ин паймон рӯбарӯ шаванд.

Амрико то кунун ба роҳи ҳалли дипломатии қазияи ҳастаии Эрон таъкид кардааст.
Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил ахиран дар суханоне, ки хитоб ба Барак Обама таъбир шуд, гуфта буд: «Онҳое, ки дар ҷомеаи ҷаҳонӣ аз гузоштани «хатти сурх» барои Эрон сар боз мезананд, аз лиҳози ахлоқӣ ҳаққ надоранд, ки барои Исроил «хатти сурх» таъйин кунанд.»

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG