Пайвандҳои дастрасӣ

Нерӯҳои изофии Амрико Афғонистонро тарк карданд


Мақомоти Амрико гуфтаанд, ки охирин воҳиди сарбозоне, ки се сол пеш барои тақвияти мубориза алайҳи Толибон ба Афғонистон фиристода шуда буданд, ба Амрико бозгаштанд. Се сол пеш бо амри Барак Обама, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, ба Афғонистон 33 сарбози тозанафас фиристоданд, то Толибонро ба ақибнишинӣ маҷбур кунанд ва имкон фароҳам оварданд, ки НАТО артиши Афғонистонро барои муҳофизати кишвар омода кунад. Бо ихроҷи нерӯҳои изофӣ 68 ҳазор сарбози дигари амрикоӣ дар Афғонистон мемонанд. Бозгашти сарбозон ба замоне рост омад, ки ҳамлаҳои нерӯҳои маҳаллӣ ба сарбозони хориҷӣ дар Афғонистон авҷ гирифтааст.
XS
SM
MD
LG