Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбарони Тоҷикистон бо Шувалов мулоқот мекунанд


Интизор меравад имрӯз Игор Шувалов, муовини аввали нахуствазири Русия бо раҳбарони олирутбаи Тоҷикистон масоили ҳамкориҳои иқтисодӣ ва низомии дуҷонибаро баррасӣ кунад. Бино ба гузоришҳо, Игор Шувалов аз ҷумла бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳур ва Оқил Оқилов, нахуствазири Тоҷикистон мулоқот мекунад. Низомиддин Зоҳидов муовини вазири умури хориҷӣ дар ин бора ба Радиои Озодӣ гуфт: “Таҳкими ҳамкориҳо, муносибатҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ба ҳар ҳол аз ҷониби Тоҷикистон ҳамингуна масъалаҳо матраҳ мешавад.” Коҳиши боҷи гумрукӣ аз маҳсулоти нафтии Русия ва иҷрои қарордодҳои пешин миёни ду кишварро аз масъалаҳои мавриди баҳси ҷонибҳо хондаанд. Ба гуфтаи таҳлилгарон, як масъалаи асосии баҳс, ҳамчунин сарнавишти пойгоҳи Русия дар Тоҷикистон аст, ки ихтилофоти назари ду тараф дар бораи шароити ҳузури он, равобити ду кишварро сард кардааст.
XS
SM
MD
LG