Пайвандҳои дастрасӣ

Шурӯъи нашри як таблиғи амрикоӣ дар Покистон


Телевизионҳои Покистон ба намоиши таблиғоте шурӯъ кардаанд, ки дар он Барак Обама, раиси ҷумҳур ва Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷаи Амрико, филмеро маҳкум мекунанд, ки дар он филм Ҳазрати Муҳаммадро ба масхара кашидаанд. Таблиғоти 30 сониягии мазкурро, сафорати Иёлоти Муттаҳида дар Исломобод таҳия кардааст. Паёми таблиғот он аст, ки филмро ҳукумати Амрико ба навор нагирифтааст ва ҳеҷ чиз ҳам набояд баҳонае барои хушунат шавад. Паёмҳои Обама ва Клинтон, ки аз суханрониҳои пешинаи онҳост, ки ба забони урду тарҷума шудаанд. Рӯзи панҷшанбе ҳазорон тазоҳургар дар Исломобод дар наздикии маҳали сукунати дипломатҳои хориҷӣ бо маъмурони пулис даргир шуданд. Даҳҳо нафар дар ин бетартибӣ ҷароҳат бардоштаанд.
XS
SM
MD
LG