Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири умури дохилии Гурҷистон истеъфо дод


Дар идомаи моҷаро бар сари бадрафторӣ дар зиндонҳои Гурҷистон, вазири умури дохилии ин кишвар аз мақомаш истеъфо дод. Бачо Ахалия гуфт, “масъулияти ахлоқӣ ва сиёсии” нокомӣ дар решакан кардани шиканҷаву ситам дар зиндонҳоро мепазирад. Ду рӯз пеш, дар телевизионҳои Гурҷистон видеоеро намоиш доданд, ки дар он посбонони зиндоне дар Тифлис бо зиндониён бо бераҳмии хосе ҷабру ситам мекунанд. Ба ҷойи Бачо Ахалия, муовини ӯ хонум Эка Сгуладзеро вазири муваққати дохилӣ таъйин кардаанд. Пештар аз Бачо Ахалия, вазири зиндонҳо аз мақомаш истеъфо дод ва ҳоло ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Гурҷистон ҷойгузини ӯ шудааст.
XS
SM
MD
LG