Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гузориши нав дар бораи оқибатҳои ҳамла ба Эрон


Бино бар як гузориши тоза, дар сурати ҳамла ба таъсисоти атомии Эрон мумкин аст, бештар аз 10 ҳазор нафар дар ин кишвар кушта шаванд. Пажӯҳишгоҳи Сиёсатшиносии Ҳинклӣ дар Донишгоҳи аёлати Ютаи Амрико бо нашри гузорише таҳти унвони “Бозии атомии оятулоҳҳо” афзудааст, ки ин ҳамлаҳо паёмадҳои фалокатборе барои муҳити зисти атроф хоҳанд дошт. Ба гуфтаи муаллифони гузориш, эҳтимолан чаҳор таъсисоти умдаи атомии Эрон, таъсисоти ғанисозии ураниуми Натанз ва Исфаҳон, реактори атомии оби сангини Арок ва нерӯгоҳи барқи атомии Бушеҳр ҳадафи ин ҳамлаҳо хоҳанд буд. Ба тахмини муаллифони гузориш, 5 ҳазор коргарони ин таъсисот бар асари ҳамлаҳо кушта хоҳанд шуд ва мумкин аст ҳазорон нафари дигар аз дуди заҳрогин ва ташшашӯъ (радиатсия) олуда шаванд. Сару садо дар бораи ҳамлаҳои эҳтимолии Исроил ба таъсисоти атомии Эрон ҳарчӣ бештар шудааст.
XS
SM
MD
LG