Пайвандҳои дастрасӣ

Дастаи “Хайр” дар Лигаи олӣ аз “Истиқлол” пеш гузашт


Футболбозони дастаҳои "Хайр"-у "Регар-ТадАЗ" (Акс аз бойгонӣ)

Футболбозони дастаҳои "Хайр"-у "Регар-ТадАЗ" (Акс аз бойгонӣ)

Як голи задаи футболбозони “Хайр”-и Ваҳдат ба дарвозаи "Регар-ТадАЗ"-и Турсунзода ин дастаро дар ҷадвали Лигаи олӣ як зина боло бурд.

Дидори дастаҳои "Хайр"-и Ваҳдату "Регар-ТадАЗ"-и Турсунзода дар даври 16-уми бозиҳои Лигаи олии Тоҷикистон бо ҳисоби 1:0, яъне пирӯзии ваҳдатиҳо, анҷом пазируфт.

Голи ягонаи ин бозиро дар дақиқаи 90+1 Кингсли Боатенг ("Хайр") вориди дарвозаи ҳарифон кард. Бо ин холи гирифтаи худ, дастаи "Хайр"-и Ваҳдат дар ҷадвали Лигаи олии футболи Тоҷикистон ба ҷои севум баромад ва қаҳрамони футболи Тоҷикистон - "Истиқлол"-ро як зина пеш гузашт.

Ҳоло дар ҷадвали бозиҳои Лигаи олӣ дастаи "Регар-ТадАЗ"-и Турсунзода дар ҷои аввал ва "Равшан"-и Кӯлоб дар ҷои дувум қарор доранд.

Ҷой

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

14

11

2

1

34-10

35

2

«Равшан» (Кулоб)

13

11

1

1

21-5

34

3

«Хайр» (Ваҳдат)

15

9

3

3

27-18

30

4

«Истиқлол» (Душанбе)

13

9

2

2

32-8

29

5

«Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров)

14

7

2

5

31-20

23

6

«Вахш» (Қӯрғонтеппа)

14

7

2

5

20-9

23

7

ССКА «Помир» (Душанбе)

14

5

4

5

16-16

19

8

«Истаравшан» (Истаравшан)

15

5

2

8

22-30

17

9

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

14

5

1

8

18-23

16

10

«Энергетик» (Душанбе)

14

3

5

6

18-19

14

11

«Ҳосилот» (Фархор)

14

3

1

19

14-33

10

12

«Зарафшон» (Панҷакент)

14

1

3

10

15-44

6

13

«Гвардия» (Душанбе)

14

1

0

13

8-41

3


Нишонзанҳои беҳтарин: Дилшод Восиев ("Истиқлол") - 11 тӯб, Асадулло Бобоҷонов ва Мансур Ҳакимов (ҳарду аз “Парвоз”) – 9-тӯбӣ, Габриэл Донто ("Энергетик") ва Аҳтам Ҳамроқулов ("Регар-ТадАЗ") – 8-тӯбӣ.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG