Пайвандҳои дастрасӣ

Панетта ба Чин таҳдиди кибернетиро ёдрас кард


Леон Панетта дар Чин

Леон Панетта дар Чин

Рӯзи панҷшанбе сафари серӯзаи вазири мудофиаи ИМА Леон Панетта ба Чин хотима меёбад. Ҳангоми сӯҳбат бо мансабдорони чинӣ Панетта борҳо масъалаи ҷосусӣ дар фазои кибернетиро таъкид карда, убури ғайриқонунӣ ба компютерҳои ҳукуматӣ ва ширкатҳои ИМА-ро зикр намуд. Рӯзи чоршанбе аснои мулоқот бо Си Ҷингпинг, ки эҳтимолан моҳи оянда президенти Чин интихоб хоҳад шуд, Панетта ин мушкилро ёд кард. Баъди ин мулоқот вазири мудофиаи ИМА гуфт, ба фикри ӯ Чин ҷонибдори муколама дар масъалаи таҳдидҳои кибернетӣ мебошад. Имрӯз Панетта аз Чин ба Зеландияи Нав меравад.
XS
SM
MD
LG