Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Дӯстони мардуми Сурия” дар Ҳолланд ҷамъ шуданд


Урӣ Розентал-вазирик орҳои хориҷии Ҳолланд ( аз чап) ва Весна Пусич-вазири корҳои хориҷии Хорватия (аз рост)
Урӣ Розентал-вазирик орҳои хориҷии Ҳолланд ( аз чап) ва Весна Пусич-вазири корҳои хориҷии Хорватия (аз рост)
Рӯзи панҷшанбе дипломатҳои беш аз 60 кишвари олам дар шаҳри Ҳейг ва ё Гаагаи Ҳолланд ба хотири арзёбии таҳрими иқтисодии режими Сурия ҷамъ шудаанд. Дар оғози мулоқоти ин гурӯҳ, ки бо номи “Дӯстони мардуми Сурия” маъруф аст, вазири корҳои хориҷии Ҳолланд Урӣ Розентал ба хабарнигорон гуфт, ҳадаф аз таҳрими молӣ на танҳо заиф намудани нерӯи низомии режими Сурия, балки аз сари қудрат дур кардани президенти ин кишвар Башор ал-Асад аст. Ба қавли Розентал ҳоло масъала рӯи он аст, ки кай режим барканор хоҳад шуд. Эътилофи “Дӯстони мардуми Сурия” баъд аз он ташкил шуд, ки Шӯрои Амнияти СММ натавонист қатъномаи маҳкумкунандаи режими президент Башор ал-Асадро ба тасвиб расонад.
XS
SM
MD
LG