Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳабси ҳисобҳои бонкии наздикони раҳбари Узбакистон


Гулнора Каримова-духтари бузурги президенти Узбакистон Ислом Каримов

Гулнора Каримова-духтари бузурги президенти Узбакистон Ислом Каримов

Идораи додситонии кулли Швейтсария тасдиқ кард, ки гардиши садҳо миллион доллари ҳисобҳои бонкии чор шаҳрванди Узбакистонро манъ кардааст. Ба қавли телевизиони Швейтсария ин афрод аз наздикони президент Ислом Каримов ба шумор мераванд. Рӯзи чоршанбе идораи додситонии кулли Швейтсария гуфт, муфаттишон эҳтимоли шустушӯи пул аз тарафи ду фарди муттаҳамҳо, ки моҳи июл дар Женева боздошт шудаанд, таҳқиқ мекунанд. Рӯзномаи швейтсарии Блик (Blick) навиштааст, ки ду боздоштшуда дар ширкати Кока Кола Узбакистон (Coca-Cola Uzbekistan) кор мекунанд, ки соҳиби он духтари президенти Узбакистон Гулнора Каримова мебошад. Номи боздоштшудаҳоро эълон накардаанд. Дар ин тафтиш номи ширкати шведии ТелияСонера(TeliaSonera) низ ёд шудааст. Саҳифаи интернетии Фергананюс(fergananews.com) навиштааст, ки дар ҷараёни тафтиши қазияи пардохти 320 миллион доллар ба “коршарики узбакӣ” таҳқиқ мешавад, ки ба ҳисоби як ширкат дар Гибралтар ирсол шудааст.
XS
SM
MD
LG