Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин бо Отамбоев дар Қирғизистон вохӯрд


Владимир Путин ва Алмосбек Отамбоев
Владимир Путин ва Алмосбек Отамбоев
Рӯзи панҷшанбе дар канори шаҳри Бишкек президенти Русия Владимир Путин бо раҳбари Қирғизистон Алмосбек Отамбоев шароити тамдиди ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар Қирғизистон, ширкати Русия дар лоиҳаҳои обу барқи Қирғизистон ва 500 миллион доллар қарзи Қирғизистон ба Русияро баррасӣ намуд. Дар арафаи мулоқот Путин ба хабаргузориҳои Русия гуфтааст, “замона дигар шуд, вале равобити мардуми кишварҳои мо доимо хуб будааст”. Пешбинӣ мешавад, ки имрӯз як идда созишҳои муҳим ба имзо мерасанд. Яке аз ин созишҳо пешбинӣ мекунад, ки пойгоҳи Русия дар Қирғизистон то соли 1932 боқӣ монда, солона Маскав 4,5 миллион доллар иҷорапулӣ месупорад. Ҳамчунон Русия тасмим дорад, дар лоиҳаҳои обу барқи Қирғизистон ҳамроҳ шуда, дар рафъи камбуди барқ дар ин ҷумҳурии Осиёи Марказӣ саҳм гирад.
XS
SM
MD
LG