Пайвандҳои дастрасӣ

Ягона вориси "Мавҷи Вахш" боз ба рӯйи саҳна омад


Ғунчагул Давлатова дар ҳини ҷавонӣ

Ғунчагул Давлатова дар ҳини ҷавонӣ

Ғунчагул Давлатова, танҳо зани овозхон аст, ки аз миёни даҳҳо ҳунарманди ансамбли дар собиқа овозадори "Мавҷи Вахш" ҷон ба саломат бурдааст.

Ансамбли "Мавҷи Вахш" дар солҳои Шӯравии пешин ҳамвазну ҳамқадами ансамблҳои "Гулшан"-у "Ганҷина" дониста мешуд. Аммо дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон Аҳлиддин Нуруллоев, ҳамсари Ғунчагул Давлатова ва ҳамзамон роҳбари бадеии ансамбли "Мавҷи Вахш" ва чанде дигар аз аъзои ин ансамбл аз сӯи афроди силоҳбадаст куштаю нопадид шудаанд.

Қисмате дигар тарки кори овозхонӣ карданд, ки боис ба парешонии ин ансамбли пуровоза шуда буд. Ғунчагул Давлатова пас аз марги ҳамсараш беш аз 10 сол ба хотири таъмини амнияти худу фарзандонаш тарки саҳна карда буд. Фарзандонро ба камол расонду оиладор намуд. Аммо тибқи васияти ҳамсари марҳумаш Ғунчагул дубора рӯи саҳна по гузошт.

Ӯ дар ин бора мегӯяд: "Шавҳарамро куштанд ва дар ансамбли «Мавҷи Вахш» ягон одами зинда намонд, ғайр аз ман. Бисёр бехуд шуда будам ва то ба худ омадан бароям 10-12 сол зарур шуд. Аммо шавҳарам, гӯиё ҳис мекард, ки қурбони ҷангу ноадолатӣ мешавад, чанде пеш аз кушта шуданаш ба ман гуфт, ки бе ман ҳам набояд аз саҳна рӯ гардонӣ ва ту, Ғунчагул, бояд ҳамеша обрӯ ва маҳбубияти «Мавҷи Вахш»-ро ҳифз кунӣ. Ҳамин боис шуд, ки тарки гӯшанишинии бисёрсола кунам."

Ғунчагул Давлатова

Ғунчагул Давлатова

Метавон гуфт, Ғунчагул Давлатова дубора ба саҳна омад ва баъд аз хомӯшии тӯлонӣ ва аз назарҳо дур будан, боз сурудҳои наверо барои дӯстдоронаш эҷод кард. Вай аз ӯҳдаи сурудани тарона дар ҳама жанрҳои мусиқӣ мебарояд, вале аз рӯзҳои аввал худро бо таронаҳои халқии “Шаби маҳтоб”-у “Чапаркокул” ва “Дастмол медӯзам” ба мардум муаррифӣ кардааст.

“Замони ҷавонии мо дӯхтани дастмол миёни духтарон мӯд буд. Ҳама чунин дастмол медӯхтанд ва ба дӯстписаронашон тақдим мекарданд. Ман ҳам чунин сурудам:
Дастмол медӯзам, дастмоли зебо,
Зеби дасти ёрум бошад,
Тӯҳфа медиҳам барои ёрум,
Наздаш садҳазорум бошад...
Азбаски суруди халқӣ буд, миёни мардум хуб пазируфта шуд”
, - афзуд бону Ғунчагул.

Хонум Ғунчагул зоҳиран ба овозхони дигари марғуби тоҷик Муқаддас Набиева, ки авҷи шӯҳраташ ба солҳои 70-ум-80-уми асри гузашта рост меояд, хеле монанд аст. Муқаддас узви гурӯҳи ҳунарии “Гулшан” буд ва бо садои ширадори худ дили ҳазорон нафарро дар Тоҷикистон тасхир карда буд. Аммо ин маликаи саҳнаи тоҷик дар авҷи шӯҳраташ ба таври фоҷеабор ба ҳалокат расид.

Ғунчагул аз иттифоқе, ки бо ӯ пас аз реҳлати Муқаддас Набиева рӯй додааст, чунин ёд меорад: “Дар хона ҳам мегуфтанд, ки ба Муқаддас Набиева хеле шабоҳат дорӣ. Замоне моро барои гузаронидани тӯй ба ноҳияи Фархор, зодгоҳи Муқаддас, даъват карданд. Баромад мекунам ва чашмам ба модаре меафтад, ки бисёр мегиряду сӯйи ман бо лутфу меҳрубонӣ менигарад. Пас аз маърака ин зан пешам омада, оғӯшам гирифта, гуфт, ки ту, духтари қӯрғонӣ, ба духтари ман Муқаддас бисёр монандӣ, ту ба ҷойи духтари манӣ. Дуо дод, ки умри ман дароз шавад. Он ҷо суруди Муқаддасро сурудам:
Шарораи хотираҳо,
Зи ишқи деринаи мо.
Агар аз ту ёд ояд,
Дилум ба фарёд ояд...”


Абдувалӣ Нодиров

Абдувалӣ Нодиров

Мунаққидони мусиқӣ мегӯянд, сарфи назар аз ин ки ансамбли “Мавҷи Вахш” як гурӯҳи музофотӣ маҳсуб мешуд, дар охири солҳои 80-ум ва авоили солҳои 90-уми асри гузашта он яке аз гурӯҳҳои касбӣ ва муваффақи ҳунарӣ дар арсаи санъати Тоҷикитон маҳсуб мешуд. Абдувалӣ Нодиров, таҳлилгари масоили фарҳангӣ, дар ин иртибот мегӯяд: “Ансамбли созию овозии «Мавҷи Вахш» равия ва сабки ба худ хоси оҳангу таронахониро дошт, ки ба дили мардуми мо хеле наздик буд. Сарояндагонаш аз қалби мардум месароиданд. Ба мисле, ки Муқаддас Набиева, Тоҷиддин Муҳиддинов ва Кароматуллои Қурбон «Гулшан»-ро овозадор карда буданд, овозаи «Мавҷи Вахш»-ро Ғунчагул Давлатова ва Аҳлиддин Нуруллоев дар муддати кӯтоҳ то дуриҳои дур муаррифӣ карда тавонистанд. Агар ҷанги шаҳрвандӣ сар намезад, мутмаинан, «Мавҷи Вахш» то имрӯз ҳам аз дӯстдоштатарин дастаҳои эстрадаи тоҷик ба ҳисоб мерафт…”

Ҳоло Ғунчагул Давлатова мехоҳад, тибқи васияти охирини ҳамсари марҳумаш
Аҳлиддин Нуруллоев, ки мегуфт "дар ҳар сурате, ки саломат бошӣ, номи дастаро зинда нигоҳ дор" дубора тасмим гирифтааст, дастаи "Мавҷи Вахш"-ро зинда кунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG