Пайвандҳои дастрасӣ

Раисиҷумҳури Тоҷикистон аз "каммасъулиятӣ"-и кормандони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ дар вилояти Бадахшон интиқод кард.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, пас аз зуҳри 19-уми сентябр дар мулоқот бо кормандони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи Бадахшон "масоили вобаста ба пурзӯр намудани мубориза бо ҷинояткорӣ, бахусус ҷинояткории муташаккили гурӯҳӣ"-ро баррасӣ намудааст.

Дар ин дидораш ҷаноби Раҳмон "аз камфаъолиятӣ ва хунукназарии мақомоти маҳалливу сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ дар роҳи мубориза бо ҷинояткорӣ" изҳори нигаронӣ карда, "бепринсипию муросокории судяҳо дар баррасии баъзе парвандаҳои ҷиноиро" як далели рӯ задани ҳаводиси ахири Хоруғ донистааст. Ӯ изҳор доштааст, "агар ҳамаи Шумо вазифаҳои худро содиқона ва бо касбияти баланд саривақт иҷро мекардед, кор ба ин дараҷа намерасид."

Аз ин пештар, ҷаноби Раҳмон бо фаъолони вилояти Бадахшон дар шаҳри Хоруғ дидору мулоқот карда, баъзе аз гиреҳҳои ҳаводиси Хоруғро шарҳ дод. Манбаи "Озодӣ" мегӯяд, имрӯз, 20-уми сентябр, сафари раисиҷмуҳури Тоҷикистон ба вилояти Бадахшон анҷом ёфта ва ӯ ба Душанбе бозгаштааст.

Сафари раисиҷумҳур Раҳмон ба вилояти Бадахшон субҳи рӯзи 18-уми сентябр оғоз ёфта буд. Вай аввал аз ноҳияи Рӯшон, сипас аз Шуғнон боздид карда, баъдан ба Хоруғ рафт, ки тайи ду мощи ахир ноамниҳоеро паси сар кардааст.

Ӯ аввал дар қароргоҳи нерӯҳои марзбонӣ дар Хоруғ бо афсарону сарбозон дидору гуфтугӯ карда, сипас аз маҳаллаи УПД дидан намуд ва дар он ҷо корхонаи дӯзандагиеро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод. УПД аз маҳалҳои аслии амалиёти сохторҳои қудратӣ алайҳи гурӯҳҳои мусаллаҳ буд, ки баъд аз қатли Абдулло Назаров, сардори Раёсати кумитаи амнияти миллӣ дар Бадахшон шурӯъ гардид.

Субҳи рӯзи 19-уми сентябр раисиҷумҳур бо гурӯҳи бузурги фаъолони Бадахшон дидору мулоқот карда, ба ҳаводиси Хоруғ ҳам ишора кард. Ҳаводисе, ки дар натиҷаи он 70 нафар, аз ҷумла 17 маъмури амниятӣ кушта шудаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG