Пайвандҳои дастрасӣ

Аҳволи Уқёнуси Яхбастаи Шимолӣ бадтар шудааст


Донишмандон мегӯянд, Уқёнуси Яхбастаи Шимолӣ имсол ба ҳадде об шудааст, ки аз замони шурӯъи мушоҳидаи он аз тариқи моҳвора дар соли 1979 дида нашуда буд. Ба гуфтаи Маркази милли мушоҳидаи барфу ях дар Амрико, рӯзи якшанбе пироҳани яхини ин уқёнус 3.42 миллион километри мураббаъро ташкил медод, ки назар ба андозаи он дар соли 2007 ҳам камтар аст. Пироҳани яхини Уқёнуси Яхбастаи Шимолӣ соли 2007 ба андозаи 4.17 миллион километри мураббаъ кӯтоҳ шуда буд. Қабати яхпӯши ин уқёнус дар зимистонҳои қаҳратуни он васеътар ва вақти боло рафтани ҳарорат камтар мешавад. Ба гуфтаи донишмандони амрикоӣ қабати яхпӯши Арктика тайи 30 соли ахир рӯ ба камшавӣ овардааст ва як сабаби он гармоиши Курраи Замин аст, ки ба айби инсон рух медиҳад.
XS
SM
MD
LG