Пайвандҳои дастрасӣ

Белорус ду нозири интихоботиро ба кишвар роҳ надод


Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо мегӯяд, Ҷумҳурии Белорус ба ду нозири созмон иҷоза надодааст, барои назорати интихоботи порлумонӣ ба ин кишвар биёянд. Созмони мазкур рӯзи чаҳоршанбе гуфт, ки мақомоти Белорус ба ду нозирони интихоботӣ Марелиус Беки олмонӣ ва Эмануэлис Зингерис аз Литва раводиди сафар надодаанд. Қарор аст, Созмони Амният Ҳамкории Аврупо 300 нозирашро барои назорати интихоботи порлумонии рӯзи якшанбе ба Ҷумҳурии Белорус фиристад. Азҳоби умдаи мухолиф бо зикри имкони тақаллуб дар интихобот ва боқӣ мондани зиндониёни сиёсӣ интихоботи порлумониро таҳрим кардаанд. Александр Лукашенко, раиси ҷумҳури Белорус аз 1994 дар қудрат аст ва пайваста дигарандешону матбуоти мустақилро саркӯб мекунад.
XS
SM
MD
LG