Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Раисиҷумҳури Тоҷикистон ба раҳбарони гурӯҳҳои мусаллаҳ ин паёмро дод, ки бо ҷинояткорӣ муборизаи беамон хоҳад бурд.

Сӯҳбати раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо мардуми Бадахшон дар Боғи Хоруғ беш аз 4 соат идома кард ва мавқеи Эмомалӣ Раҳмонро дар нисбати амалиёти ду моҳи пеши сохторҳои қудратӣ дар ин шаҳр рӯшан намуд. Вай аз ин амалиёт пуштибонӣ кард ва гуфт, «ба Хоруғ ворид гардидани воҳидҳои мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташакилонаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ маҳз ба хотири таъмини волоияти қонун ва безараргардонидани гурӯҳҳои муташаккили ҷинояткор буд, ки куштори генерал Абдулло Назаровро содир карда буданд ва мехостанд, бо истифодаи силоҳи ғайриқонунии ба дастовардаи худ, ба фаъолияти мақомоти давлатӣ дахолат ва монеъа иҷод карда, суботу оромии ҷомеаро халалдор созанд».

Ин изҳори назари президент Раҳмон умеди бештари мардум ва ба хусус зиёиёни Бадахшонро, ки интизор доштанд, ки раиси ҷумҳур, нисбати дастандаркорони ин амалиёт, ки 70 кушта бар ҷой гузошт, тадобири ҷиддӣ хоҳад андешид, бароварда
насохт. Аз сӯйи дигар, раҳбарони гурӯҳҳои мусаллаҳ, ки ба таъкиди мақомоти давлат маҳз аъмоли онҳо боиси оғози амлиёти низомӣ шудааст, низ ишора мекарданд, ки умедвори мулоқоти алоҳида бо раиси ҷумҳур ва гузоштани нуқтаи таммат дар ин бӯҳрон аз ҷониби оқои Раҳмон ҳастанд.

Аммо раиси ҷумҳӯр таъкид кард, ки «дигар мавзӯи афв матраҳ нест ва ҷинояткор бояд дар чорчуби қонун ҷавоб гӯяд», «роҳи дигар вуҷуд надорад. Онҳо бояд дар назди қонун ҷавоб гӯянд. Бас, бас. Дар муддати 21 сол ҳар сафари ман ҳамин буд. Шояд айби мо ҳам буд, ки ҳамин гурӯҳҳоро афв намекардем, ҳоло дар назди қонун ҷавоб мегуфтанд, ин ҳодисаҳо сар намезад. Зиёдаравӣ кардем».

Президент Раҳмон, ҳатто ба пешниҳоди Пайшанбе Хуҷаназаров, раиси созмони иҷтимоии «Маслиҳат» барои идомаи музокирот бо раҳбарони гурӯҳҳои мусаллаҳ, назири Толиб Айёмбеков, Муҳаммадбоқир Муҳаммадбоқиров ва Ёдгор Шоасламов, гуфт, ки беҳтар аст, то онҳоро ба фаъолият дар чорчӯби қавонини кишвар даъват кунем».

Мулоқоти раиси ҷуҳмур бо сокинони Хоруғ мустақиман аз шабакаи аввали телевизиони давлатӣ пахш шуд ва суолу ҷавоби ӯ бо шаҳрвандон дар маҳзари ом сурат гирифт. Сокинони Хоруғ, ки ҳамагӣ ду моҳи пеш ба муқобили нирӯҳои ҳукуматӣ сангар заданд ва талаби берун рафтани низомиёнро матраҳ мекарданд, дар сӯбат бо президент сари ҳарфу охири калом аз ӯ ситоиш карданд ва барои хизматҳояш ба мардуми Бадахшон ҳамду сано хонданд. Суолҳое ҳам, ки матраҳ мешуданд, асосан иҷтимоӣ буданд ва ё ҳар кас аз дарди шахсияш мегуфт. Аз ин нишаст таасуроте ҳосил мешуд, ки ширкатдорони нишаст ва суолдиҳандаҳо интихобан ба мулоқот даъват шуданд.

Ҳоло суоли аслӣ ин аст, ки сафари президент Раҳмон ба Бадахшон ва сӯҳбати ӯ бо мардум то куҷо эътидоли авзо дар Хоруғ ва суботи қонун дар ин минтақаи стратегӣ кӯмак мекунад?

Рамзияи Мирзобекова, рӯзноманигори тоҷик

Рамзияи Мирзобекова, рӯзноманигори тоҷик

Набот Додихудоева, раиси созмони иҷтимоии «Мадина» ва аъзои гурӯҳи «20 нафарӣ» мегӯяд, ин мулоқот гиреҳеро барои ҳалли мушкили бӯҳрони Хоруғ боз кард. Вай гуфт, «фикр мекунам, ки кӯмак мекунад. Чун вақте раиси ҷумҳур гуфтанд, ки ксоне, ки бо мақомот ҳамкорӣ мекунад, силоҳҳшоро месупоранд ва дигар онҳо ҷавобгарӣ озод хоҳанд шуд ва афв мешаванд. Ба ин далел вохӯрии хубе буд ва ин вохӯрӣ дар ҳалли бӯҳрони Хоруғ нуқта гузошт».

Аммо Рамзия Мирзобекова, хабарнигори тоҷик, ки шоҳиди таҳаввулоти Хоруғ буд, дар мавқеъҳои ба ҳам мухолиф будани ҳукумат ва ҷомеаи Бадахшон нисбат ба бӯҳрони ахирро мушкили ҷиддӣ медонад. Вай мегӯяд, чунин мавқеъгирӣ на ин ки ба ҳалли бӯҳрон кӯмак хоҳад кард, балкӣ метавонад вазъро печидатар созад, «маҳз ин суоли бузург дар мобайн монд. Маълум нест, чӣ мешавад. Ин чӣ маъно дорад?!. Метарсам, ки он ҳодисае, ки 24 июл сурат гирифт, боз такрор ёбад. Чунки ҳамон мавқеъҳо аст, дигар нашудаанд. Метарсам, ки дубора ин амалиёт такрор нашавад».

Нозирони умур бар ин боваранд, ки дар маҷмӯъ сӯҳбатҳои раиси ҷумҳури Тоҷикистон «ҷанбаи айбдоркунӣ» -ро доштанд, ки аз ин имкон метавонанд нерӯҳои дигаре ба нафъи худ истифода кунанд. Раҷаби Мирзо, таҳлилгари масоили Раҷаби Мирзо, коршиноси масоили сиёсӣ

Раҷаби Мирзо, коршиноси масоили сиёсӣ

сиёсӣ дар ин робита афзуд, «аммо мо намедонем, ки ҳанӯз бо ҳамин гуна хусусияти айбдоркунӣ худи ҳукумат чӣ мехоҳад ва чӣ иқдомтеро роҳандозӣ карданист. Дар маҷмӯъ, пас аз ин сафар мешавад гуфт, ки ҷараёни ҳодисаҳо боз ҳам мавҳумтар мешавад ва маълум намуд, ки вазъ дар минтақа аз идораи ҳукумат берун рафтааст».

Дар ҳамин ҳол пас аз зӯҳри рӯзи чоршанбе мулоқоти раиси ҷумҳур бо мақомоти сохторҳои қудратии вилояти Бадахшон низ баргузор шуд. Ин ҳам дар ҳоле, ки раиси ҷумҳур ҳаводиси ахир дар Бадахшонро ба саҳлангории фаъолияти ин мақомот марбут донист.

Аммо соҳибназарон мегӯяд, ҳарчанд дар ин мулоқот ба эҳтимоли зиёд ин мақомот мавриди накӯҳиши раиси ҷумҳур қарор хоҳанд гирифт, вале боз ҳам аз онҳо барои муборизаи беамон алайҳи ҷинояткории муташаккил, қочоқи маводи мухаддир ва занону духтарон ва сангҳои қиматбаҳо дар минтақа даъват хоҳад шуд.

Ҷиноёте, ки дар ин робита раиси ҷумҳур дар сӯҳбатҳояш таъкид кард ва ҳатто ба даст доштани раҳбарони гурӯҳҳои мусаллаҳ, аз ҷумла Толиб Айёмбеков, Имомназар Имомназаров ва Ёдгор Шоасламов ишора намуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG