Пайвандҳои дастрасӣ

Вазири эронӣ аз Миср ба Сурия рафт


Алӣ Акбар Солеҳӣ ва Валид ал-Муаллим

Алӣ Акбар Солеҳӣ ва Валид ал-Муаллим

Рӯзи чоршанбе вазири корҳои хориҷии Эрон Алӣ Акбар Солеҳӣ барои музокирот бо вазири корҳои хориҷии Сурия Валид ал-Муаллим ба Димашқ сафар кард. Пеш аз сафари Сурия Солеҳӣ дар Қоҳира бо мансабдорони “гурӯҳи тамос”-Сурия мулоқот кард. Миср, Эрон, Арабистони Саудӣ ва Туркия аъзои ин гурӯҳ мебошанд.
Дар ин вохӯриҳо фиристодаи СММ ва Ҷомеаи кишварҳои Араб Ахзар Иброҳимӣ низ ҳузур дошт. Эрон яке аз пуштибонҳои асосии режими президенти Сурия Башор ал-Асад аст. Теҳрон ба хотири шикаст додани ошӯби якунимсолаи мухолифини Асад ба Сурия мушовирони низомияшро ирсол намудааст.
Дар ҳамин ҳол рӯзи чоршанбе бархӯрдҳои мусаллаҳона дар бузургтарин шаҳри Сурия-Ҳалаб идома доштанд ва ошӯбгарон назорати як гузаргоҳ дар марз бо Туркияро таҳти тасарруф дароварданд.
XS
SM
MD
LG